Вазъи соҳаи фарҳанг дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

Вазъи соҳаи фарҳанг дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

Истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳимтарини таъриху фарҳанги навини тоҷикон ва марҳилаи камолоту инкишофи тамоми соҳаҳои ҷамъият ба шумор рафта, сабаби худшиносӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Худи ин дастовард ба мардуми тоҷик имкон дод, ки пеш аз ҳама дар кишвар сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагиро таъмин намуда, муносибатҳои байналмилалиро дар сатҳи баланд ба роҳ монад, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Шахсиятҳое ба майдони таъриху фарҳанг ва сиёсат ворид гардиданд, ки дар муддати на чандон тӯлонӣ моро аз вартаи ҳалокати ҷанги бародаркӯш наҷот дода, баҳри ояндаи дурахшон заминаҳои мусоидро фароҳам оварданд.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар дигаргуниҳои куллиро ба бор овард. Ин тағиротҳои куллӣ ба фаъолияти пурсамари сиёсатмадори дурандеш, бунёдгузори давлати ҳуқуқбунёд, ходими сулҳу ваҳдат, пойдоркунандаи амнияти миллӣ роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст, ки дар паҳлӯи ин пешоҳанги шуҷоъ олимону ходимони соҳаҳои гуногун низ қавӣ буданд.

Дастовардҳои моддии фарҳангӣ пеш аз ҳама ободкориҳо ва азнавсозиҳо дар ҳама сатҳи ҳаёти ҷамъиятист ва пойдевори асосии ҷамъият низ ба шумор меравад. Ва барои мустаҳкам тарҳрезӣ шудани ин пойдевор барои мардум маънавиёти баланд, дониши мустаҳкам ва қобилияти хуби фитриву ҷисмонӣ доштан лозим аст.

Дар ш.Маскав 27 июни соли 1997 «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ин созишнома яке аз муваффақиятҳои бузурги фарҳангӣ ва заминаи мусоид барои равнақу инкишоф, созандагиву бунёдкориҳо дар кишвар буд. Комиссияи оштии миллӣ фаъолияти худро дар шаҳри Маскав оғоз намуда, сипас дар шаҳри Душанбе аз моҳи сентябри соли 1997 то моҳи апрели соли 2000 давом додааст. Моҳи декабри соли 2001 лоиҳаи “Консепсияи миллии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда буд. Яке аз нақшаҳои муҳими Ҳукумату давлат ин тамоми мактабу муассисоти фарҳангии дар натиҷаи ҷанг харобгаштаро барқарор карда, таҳкурсии моддӣ-техникии онро мустаҳкам намояд, тамоми хонандагон ва донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шуда, омӯзгорон пурра ба ҷойҳои кории худ баргардонида шаванд. Ҳукумати кишвар барои инкишофи илмҳои академӣ аҳамияти зиёд дода, бо ташаббуси Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи илмҳои мактабҳои олии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаи он дастгирӣ ва роҳнамоӣ намудани имкониятҳои илмии олимон, мутахассисони қобилиятноки ҷавон ба шумор мерафт. “Имрӯзҳо кӯшиши давлат ба рушд ва таъмини моддии инфраструктураи фарҳанг- дастгирии театрҳо, марказҳои фарҳангии ҷавонон, китобхонаҳо, нашри адабиёти таълимӣ ва бадеиву методӣ, бо технологияи кампютерӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва таҳияи барномаҳои гуногун оид ба ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, тарзи ҳаёти солим нигаронида шудааст.” Яке аз падидаҳои мусбат дар ин давра таъсиси барномаҳои телевизионии “Сафина”, “Баҳористон”, “Пойтахт” ва “Симои мустақим ” аст, ки дар ҳаёти фарҳангӣ таъсири хуб расонид”.

Вазифаи муҳимтарини фарҳанги муосир пеш аз ҳама тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи инсонгароӣ, ватанпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ, бедор намудани ҳуввияти миллӣ ва пос доштани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

 

Муаллими кафедраи

“Фанҳои ҷомеашиносӣ” Сафарова М.Ҷ.


08.10.2021 37