“То забон дорад, ватандор аст ӯ То забондор аст, бисёр аст ӯ”

“То забон дорад, ватандор аст ӯ То забондор аст, бисёр аст ӯ”

Санаи 5-уми октябри соли ҷорӣ дар толори лексионии кафедраи оториноларингология ҷамъомад бахшида ба рӯзи забони давлатӣ барпо шуд, ки дар он донишҷӯёни факултети тиббӣ, интернаҳо ва ординаторони клиникии кафедра ва клиника иштирок намуданд. Дар ҷамъомад ассистенти кафедра Муродов Шамсиддин Донабоевич баромад намуда, перомуни забон пояи миллат, Қонуни забони давлатӣ, талаффузи дурусти вожаҳои тоҷикӣ дар байни аҳолӣ мубодилаи афкор намуд. Инчунин, оид ба низоми таҳсил дар донишгоҳ бо забони давлатӣ ва афзудани адабиёти таълимӣ бо забони тоҷикӣ ва гурӯҳҳои бо забони давлатӣ таҳсилкунанда изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар охир иштирокчиёни маҳфил низ роҷеъ ба мавзӯи имрӯза ибрози назар намуданд.


05.10.2021 41