ТОҶИКИСТОНАМ
Сарзамини кӯҳсорам Тоҷикистонам,
Кишвари доимбаҳорам Тоҷикистонам.
Сарбаландам бо Бадахшонат дар олам,
Эй Биҳишти безаволм Тоҷикистонам.
Зарфишон ҷорист то шаҳри Бухоро,
Шаҳри зебо, ёдгорам Тоҷикистонам.
Ифтихорам Рӯдакию Буалӣ Синост,
Аз ту ҳам дар ифтихорам Тоҷикистонам.
Ин ҳама сарсабзиат аз заҳмати халқ аст,
Боиси авҷу барорам Тоҷикистонам.
Бо Ҳисори шодмонат шодмонам ман,
Эй диёри зарнисорам Тоҷикистонам.
Дӯст дорам ҳар ваҷаб кунҷу каноратро,
Васфи ту бошад шиорам Тоҷикистонам.
ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Оуруди Миллати Тоҷик суруди Гулназар бошад,
Дуруди Миллати Тоҷик суруди Гулназар бошад.
Ба оҳанги сурудаш сарбаландем дар ҷаҳон имрӯз,
Вуҷуди Миллати Тоҷик суруди Гулназар бошад.
***** *****
Гулназар буд ифтихори Миллати Тоҷик,
Шоири бо нангу ори Миллати Тоҷик.
Аз сурудаш омад оҳанги Ватандорӣ,
Гулназар буд сарсупори Миллати Тоҷик.
Қурбоналӣ-корманди МТИК “Стоматология”