Ташрифи ректори донишгоҳ ба давраи якуми Имтиҳони хатми давлатӣ барои донишҷӯёни курси 6-ум факултети тиббӣ

Ташрифи ректори донишгоҳ ба давраи якуми Имтиҳони хатми давлатӣ барои донишҷӯёни курси 6-ум факултети тиббӣ

Рӯзи 3 майи соли 2021 Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ба Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ташриф оварданд. Роҳбари донишгоҳ аз рафти давраи якуми Имтиҳони хатми давлатӣ ба таври OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникӣ) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ дидан намуда, бо имтиҳонгирандагон ва донишҷӯён суҳбат доштанд. Дар охир ректори донишгоҳ эродҳои худро баён карданд ва ба ҳозирин муваффақият орзу намуданд. Раиси комиссияи имтиҳонии №2, сармутахассиси Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии ВТ ва ҲИА ҶТ, д.и.т., профессор Қодиров Д.М., проректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т., сардори Раёсати рушди кадрӣ, н.и.т. Абдуллозода С.М., кормандони шуъбаи сифати таҳсилот роҳбари донишгоҳро ҳамроҳӣ мекарданд.

Ҳотиррасон мекунем, ки Имтиҳони хатми давлатӣ ба таври OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникӣ) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ ва бакалаврони курси 5-уми факултети тиббӣ то рӯзи 8 майи соли 2021 давом меёбад.

Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ  -  Усмонов Ҷ.Н.

 


6
5
4
3
2
1
03.05.2021 82