Ташрифи профессори Донишгохи давлатии тиббии Карағанда

Ташрифи профессори Донишгохи давлатии тиббии Карағанда

Мувофиқи шартномаи байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Карағанда оиди ҳамкорӣ, ба кафедраи анатомияи патологӣ д.и.т., профессори кафедраи анатомияи патологии ДДТК Тусупбекова Майда Масхаповна ташриф овард. Профессор Тусупбекова М.Ю бо нақшаҳои таълимии кафедра шинос шуда, тавсияҳои оид ба раванди таълим дар замони муосирро пешниҳод намуд. Аз тарафи профессор якчанд лексияҳо дар байни донишҷӯёни курси 3-юм, факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ, НТҶ ва устодони кафедра гузаронида шуда, ҳамзамон профессор Тусупбекова М.М. дар гуруҳҳо бо истифодаи таҷҳизоти муосир машғулиятҳои амалиро бо иштироки устодони кафедра гузаронид.

Х.Ю. Шарипов,   мудири кафедраи анатомия патологӣ н.и.т., дотсент        


11.05.2019     51