Ташрифи олимон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ОМИТ

Ташрифи олимон аз Ҷумҳурии  Қирғизистон ба ОМИТ

Дар ҳафтаи сипаригашта гурӯҳи олимон бо сарварии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, раиси Шӯрои дисертатсионӣ дар бахши илмҳои табии професор. Мурзубраимов Б.М. ба Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ ташриф овард. Ҳангоми ташриф бо бахшҳои озмоишгоҳ ва инчунин дар бахши нигоҳдошти хайвоноти озмоишӣ бо ҳайвонҳои гуногуни озмоишӣ ва аъзоёни маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон”-и ОМИТ ва шунавандагони курси такмили ихтисос ва ихтисосгирии аввалияи “Духтури таҳлилгар” шинос шуд.

Дар навбати худ академик Мурзубраимов Б.М. ва ҳайати меҳмонон минатдории худро ба роҳбарияти донишгоҳ, махсусан ректори донишгоҳ иброз дошт, ки дар оянда хоҳиши ҳамкорӣ карданро доранд.Фиристодани шунавандагон ба курси такмили ихтисос ва бозомузии касбӣ дар бахши “Духтури таҳлилгар” пешбинӣ карда шуд. Ба меҳмонҳо аз тарафи кормандони Озмоишгоҳ буклетҳо оид ба дастовардҳои озмоишгоҳ ва монографияи кормандон тақдим карда шуданд.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ


11.05.2019     36