Ташрифи намояндагони Корпоратсияи Абт Ассосиэйтс инк (Abt Associates inc.) ба донишгоҳ

Ташрифи намояндагони Корпоратсияи Абт Ассосиэйтс инк (Abt Associates inc.) ба донишгоҳ

Дар санаи 24-уми сентябри соли ҷорӣ як гурӯҳ аз Намояндагии корпоратсияи Абт Ассосиэйтс инк (Abt Associates inc.) ва Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) “Модари солим, кӯдаки солим” бо роҳбарии муовини раиси Корпоратсияи Абт Ассосиэйтс инк Эрик Ридинг меҳмони донишгоҳ шуданд. Ҳамчунин дар вохӯрии мазкур ҷонишини Лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Розиқова, менеҷерони лоиҳа Ҳалима Бобоева, Замира Байдуллоева ва аз донишгоҳ муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т., муовини ректори оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К. ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Эгамназаров Ҳ. иштирок намуданд. Меҳмонон даставвал аз осорхонаи донишгоҳ дидан намуда, аз таърих ва дастовардҳои донишгоҳ шинос шуданд. Баъдан дар вохӯрӣ бо муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. намояндагони корпоратсияи Абт Ассосиэйтс инк (Abt Associates inc.) ва Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) “Модари солим, кӯдаки солим” пеш аз ҳама ба ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Гулзода М.Қ., раёсат ва ҳайати кормандони донишгоҳ барои ҳамкории мутақобилан судманд миннатдории самимӣ баён намуданд. Дар самти беҳтар намудани вазъи ғизоӣ, пешгирии беморӣ ва фавти модарон ва кӯдакони то 2-сола, инчунин баланд бардоштани сифат ва дастрасии кӯмаки тиббӣ барои занон ва кӯдакон, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, аз ҷумла табибони вирусолог ва диетолог тайёрии ҳамаҷонибаи худро бо донишгоҳ арз намуданд.

 

                                                      Муовинати корҳои муолиҷавӣ


05
04
03
02
01
27.09.2021 87