Тарбияи маънавии донишҷӯёни соҳаи тиб дар мисоли фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби ӯ «Тоҷикон»

Тарбияи  маънавии донишҷӯёни соҳаи тиб дар мисоли фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби ӯ «Тоҷикон»

Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён доир гардид, ки ба ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби ӯ «Тоҷикон» бахшида шуд. Дар конференсия донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2-и ҳамаи факултетҳо иштирок карданд.

Конференсияро мудири кафедра, профессор У.Р.Юлдошев ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тарбияи маънавии ҷавонони донишҷӯ дар мисоли ҳаёт ва фаъолияти   олимони барҷаста имкон медиҳад, ки тафаккури ватандӯстии онҳо ташаккул ёфта, дар замирашон ҳисси ватанпарварӣ ва муҳаббат нисбат ба халқи худ бедор гардад. Пешвои миллат Президенти кишвар дар Паёми худ ба фаъолияти Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ва китоби безаволи ӯ «Тоҷикон» баҳои баланд додаанд: «Мо кӣ будани аҷдоди худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров   китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошти    фарзандони шоистаи халқамон диққати махсус дода, дар баргузории ҷашнвораҳои таърихиву фарҳангӣ мустақиман иштирок менамоянд. Ин амали ватандӯстонаи Сарвари давлат дар ниҳоди насли наврас рӯҳияи ватандустӣ, эҳтиром нисбати калонсолон, муносибати шоиста ба муқаддасоти миллиро бедор менамояд.

Донишҷӯён низ дар маърӯзаҳои худ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров маълумот дода, ба талошҳои босамари ӯ барои омӯзиш ва иштироки фаъолонааш дар ҳаёти ҷамъиятӣ ишора намуданд. Чунончи, тӯли 10 соле, ки ба ҳайси   котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон кор мекарданд, истеъдоди ташкилотчигӣ, эътиқоднокӣ, маҳорати бо мардум кор карда тавонистанашон шоистаи таҳсин гардид.

Устодон М.Р.Назарова, Ҳ.И. Хайрова, С.А.Ҳотамова, М.А.Холматова, З.И.Шарипова, О.А.Лысых, Д.Х.Султонова, Н.Ш. Алиева дар баромадҳои худ ба таҷрибаи волои корӣ, маҳорати тадкиқотчигии Бобоҷон Ғафуров таъкид намуданд, ки чунин қобилияти камназир имконият дод, то ӯ дар навиштани асари таърихияш муваффақ шавад. Дар соли 1947 китоби ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» аз чоп баромад. Ин китоби аввалин оид ба таърихи яке аз қадимтарин халкҳои Осиёи Миёна буд. Муаллиф тавонист, ки дар ин асар ҳамаи давраҳои ташакулёбӣ ва рушди халқи тоҷикро инъикос намояд. Тавре ки устодон З.А.Муҳамадиева, М.А.Қаюмова, Ҳамроева С.К., Мирзева Г.Х., Раҷабов Р.Р.,   Д.М.Наҷмидинова, М.Д.Каримова, Ш.Ю.Мирзоева, П.И.Манонова зимни баромадҳои хеш қайд намуданд, ин китоби пурмуҳтавои Бобоҷон Ғафуров маҳсули тадқиқотҳои бисёрсолаи ӯ буда, дар шарқшиносии муосир мавқеи худро дорад.

Ватан ба хизматҳои Бобоҷон Ғафуров   дар назди халқи тоҷик баҳои баланд дода, сазовори нишон ва медалҳои гуногун гардонид. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сентябри 1997 Бобоҷон Ғафуров шоистаи ҷоизаи баландтарини кишвар «Қаҳрамони Тоҷикистон» гардид.

Бояд зикр намуд, ки ҳаёт ва фаъолияти ин олими пурмаҳсул, тадқиқотчии таърихи халқи тоҷик, арбоби ҷамъиятӣ, роҳбар, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насли наврас намунаи ибрат шуда метавонад.

 Х.И. Хайрова, С.А.Хотамова, Д.Х.Султанова, Д.М.Нажмиддинова

 омӯзгорони кафедраи забониҳои хориҷии 

 


28.04.2021 81