Таъмири ҷаҳон кори хирадмандон аст!

Таъмири ҷаҳон кори хирадмандон аст!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва ин даҳшатро батамом эҳсос менамояд, дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон бо терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебарад. Дар ин замина асноди марбута ба тасвиб расидааст, аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст. Яке аз вазифаҳои марҳилаи аввали татбиқи Стратегияи мазкур муаррифии васеи Стратегия ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа ба он буда, ҳамзамон бахши махсуси он ба масъалаҳои гендерӣ ва ҷалби занон ба пешгирии экстремизм бахшида шудааст.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин вабои аср аз тамоми имконот истифода мекунад. Чи тавре ки Роҳбари давлат қайд кардаанд, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳамаи мақомоти қудратӣ тақозо дорад, ки барои ҳама гуна ҳолатҳо омода бошанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар бояд диққати асосиро ба касбият ва омодабошии ҳайати шахсӣ равона карда, ҳама вақт дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир омода бошанд.

Ҳодисаҳои охири Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм имрӯз ба масъалаи рақами як табдил ёфтааст. Зиёд шудани амалҳои террористӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, боз ҳам вазъи ҷойдоштаро мураккаб месозад. Терроризм ва экстремизм ба ҳар як кишвар ҷиддӣ таҳдид мекунад ва аз ин лиҳоз бо ин зуҳуроти номатлуби асри XXI бояд якҷоя мубориза бурд. Ҳодисаҳои нангини чанд соли ахир, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон иттифоқ афтодааст, аз вуҷуд ва ҳузури фарогири терроризм ва экстремизм дар зиндагии рӯзмарраи мардуми сайёра дарак медиҳад. Бо дидану шунидани он ҳама амалҳои террористӣ дар саросари дунё метавон хулоса кард, ки терроризм дин, миллат, забон, сарҳад ва давлат надорад. Дар ҳама ҳолат шаҳрвандони оддие, ки ба сиёсат сари кор надоранд, кушта мешаванд. Пас, чӣ гуна метавон ин махлуқон(террористон дар назар аст)-ро, ки дар вуҷуди онҳо ягон зарра раҳму шафқати инсонӣ вуҷуд надорад, инсон номид? Албатта, инҳо инсон нестанд, танҳо сурати инсонӣ доранду халос. Тақрибан ҳар рӯз тариқи васоити омма хабарҳо дар бораи амалҳои террористӣ дар давлатҳои мусулмон, ба монанди Афғонистон, Покистон ва давлатҳои Аврупо паҳн мешаванд, ки ин ҳам хеле нигароникунанда аст. Аз лаҳзаи созмон ёфтани ба ном “Давлати Исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) дар соли 2014 ҷуғрофиёи терроризми динӣ тавсеа ёфт. Агар пештар террористон тамоми ғазаби худро нисбати “душмани дур” (ИМА ва Ғарб) равона мекарданд, имрӯз бошад, пайравони онҳо тибқи дастури хоҷагони худ ба масҷидҳо, калисоҳо, синагогаҳо ва дигар амокини ҷамъшавии мардум ҳуҷумҳои марговар анҷом медиҳанд. Асосан, ҳадафи террористон одамони бегуноҳ қарор мегиранд ва мақсади онҳо паҳн намудани ваҳму даҳшат ва нооромӣ дар кишвар мебошад. Вале ин амалҳои нанговар ба ягон дин ва мазҳаб рост намеояд ва онро наметавон бо ягон далел сафед кард. Чунки ба қатл расонидани инсон бо ҳар шаклу услуб ин худ ҷиноят ҳисоб мешавад, новобаста аз он ки он аз ҷониби намояндаи кадом дин ва равияи динӣ амалӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки террорист душмани тамоми башарият ҳисобида мешавад. То ба имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти муваффақонаи мубориза бурданро бо терроризми байналмиллалӣ надорад. Сурия, Ироқ, Ливия, Яман, Миср, Алҷазоир, Мали, Афғонистон – аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб меёбанд, ки имрӯз аз фаъолияти густурдаи террористон ва экстремистон ранҷ мебаранд. Ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон аз фаъолияти густурдаи шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ гувоҳӣ медиҳад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳама неруи худро барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муттаҳид созад, то ин ки роҳи сар задани дигар амалҳои террористӣ гирифта шавад.

Дар ёд доштани он ки мо дар даврони терроризм зиндагӣ мекунем, ин маънии онро дорад, ки бояд худро, мафкура ва рафтори худро ба дарку фаҳми гирду атроф, он чи ки рух медиҳад ва рафторамонро ба зиндагӣ мутобиқ кунем. Таҷрибаи кишварҳо ва халқҳои гуногун нишон медиҳад: агар одамон дар хотир дошта бошанд, ки дар зиндагӣ терроризм ва терррористҳо вуҷуд доранд, рафтори онҳо худ аз худ бо тарзи автоматӣ таҳти таъсири таҳдидҳои потенсиалӣ қарор мегирад. Он вақт одамон бодиққат, эҳтиёткор, ҳушёр мешаванд. Дар ҳеҷ ваҷҳ, сухан дар бораи воҳима, тарси доимӣ, ки бо он зиндагӣ кардан номумкин аст, намеравад. Вақти он расидааст, ки аз одатҳои номураттабӣ, беаҳамиятӣ, саҳлангорӣ, бепарвоӣ ва амсоли инҳо даст кашем ва ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор бигирем. Шинохти терроризм ва экстремизм тақозои замон аст ва бехабарию ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои ҷиддии башарӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад. Зеро ки террористон ва экстремистон дар миёни ҳар қавму миллат ва ҷомеа вуҷуд доранд ва илова бар ин, гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва хадамоти махсуси иттилоотии баъзе кишварҳо пуштибонии молию пулӣ ва сиёсию мафкуравӣ меёбад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки пайваста ҳушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ алайҳи ҳама гуна фишору тааррӯз ва террору ифротгаройӣ муборизаи беамон бубарем.

Зеро:

Аз бехирадон умеди некӣ маталаб,

Таъмири ҷаҳон кори хирадмандон аст.

Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.Г.-мутахассиси шуъба





01.06.2021 92