ТАДҚИҚОТИ БУНЁДӢ -ТАҲКИМИ АМАЛИЁТИ ТИББӢ
Дар шаҳри Ижевск 4 декабри соли 2025 ҳамоиши II байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тадқиқоти бунёдӣ ҳамчун асоси амалияи тиббӣ», бахшида ба 95-солагии зодрӯзи Арбоби шоистаи илм, узви вобастаи АТФР, доктори илмҳои тиб, профессор Г.Е. Данилов, баргузор гардид. Ин ҳамоиш аз ҷониби Муассисаи давлатии федералии таҳсилоти олии касбии «Академияи давлатии тиббии Ижевск»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ташкил карда шуд.
Дар конфронс директори Пажӯҳишгоҳи илмии тибби бунёдии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Табариён Б.С. иштирок намуд. Дар ҷаласаи пленарӣ Табариён Б.С. бо сухани шодбошӣ аз номи ректори Донишгоҳ баромад карда, ба ректори Академияи давлатии тиббии Ижевск, доктори илмҳои тиб, профессор Шкляев А.Е. тӯҳфаи хотиравӣ супорид. Ӯ барои ҳамкории судманд дар соҳаи тибби бунёдӣ ва тайёр кардани мутахассисон изҳори сипос карда, ҳамзамон умед ба натиҷаҳои муваффақонаи кори муштаракро баён намуд. Вай инчунин сатҳи баланди ташкили ҳамоиш ва иштироки густурдаи байналмилалии онро қайд кард.
Табариён Б.С. аҳамияти фавқулодаи масъалаҳои мавриди баҳс дар конфронсро, ки ба консепсияҳои инноватсионии муосир дар тиб ва зарурати рушди системаи тандурустӣ вобастаанд, таъкид намуд. Ӯ ба ҳамаи иштирокчиёни конфронс кори самаранок, муваффақият дар фаъолияти касбӣ ва кашфиётҳои нави илмӣ таманно кард.