ТАБРИКНОМА

ТАБРИКНОМА

Имрӯз, 4 декабр, Донишгоҳ зодрӯзи яке аз шахсиятҳои барҷаста, омӯзгори соҳибэҳтиром ва роҳбари дурандеши худ – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Аҳрориён Зарина Асрорро ҷашн мегирад.

Аҳрориён Зарина Асрор аз зумраи он инсонҳоест, ки бо хоксорӣ, меҳру садоқат ба касб, фарҳанги баланди муошират ва масъулияти касбӣ миёни ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён обрӯйи хосса пайдо кардааст. Ӯ фаъолияти илмӣ, педагогӣ ва ташкилии худро аз рӯзҳои аввали фаъолият бо садоқати том ба рушди соҳаи тиб ва тарбияи кадрҳои соҳибкасб бахшидааст.

Пас аз хатми Донишгоҳ соли 1999 Аҳрориён Зарина Асрор пайдарпай зинаҳои рушд – аз интернатура ва ординатураи клиникӣ то унвонҷӯӣ, ассистентӣ ва дотсентӣ тай намуда, дар тӯли зиёда аз бист сол фаъолияти омӯзгорӣ ва амалии худро дар кафедраи «Оториноларингология» бо муваффақият иҷро кардааст. Солҳои 2021–2024 ӯ ҳамчун мудири кафедра бо малакаи баланди идоракунӣ, кордониву инсонгароӣ ва муносибати масъулиятнок баромад карда, барои таҳким бахшидани раванди таълим ва фаъолияти илмӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Аз моҳи августи соли 2024 то имрӯз Аҳрориён Зарина Асрор ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбия бо руҳияе созанда, ҷаҳонбинии равшан ва мавқеи устувори ахлоқӣ фаъолияти тарбиявии Донишгоҳро пеш мебарад. Сифатҳои шахсии ӯ аз қабили нармгуфторӣ, дилсӯзӣ, масъулиятшиносӣ, адолатпеша будан ва таваҷҷуҳи самимӣ ба ҳамкорон ва донишҷӯён буда, муҳити меҳру ҳамдигарфаҳмиро дар маҷмуи тарбиявии Донишгоҳ таҳким мебахшад.

Ҳамчунин, хизматҳои содиқонаи ӯ дар рушди соҳаи тандурустӣ ва маорифи тиббӣ бо Медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардидаанд, ки ин худ гувоҳи муносиб ва арзандаи фаъолияти пурсамараш мебошад.

Роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кулли кормандони муовинати тарбияи Донишгоҳ ба Аҳрориён Зарина Асрор аз самими қалб муборакбодии гарм ирсол намуда, барояшон саломатии бардавом, иқболи баланд, давоми комёбиҳои илмӣ ва роҳбариву педагогӣ, шукуҳи рӯзгор ва фатҳу кушоишҳои тоза дар тамоми арсаҳои фаъолият орзу менамоянд.

Бигзор, умрашон дар зери сояи лутфи Худованд пурфайзу пурбаракат бошад ва меҳнату заҳматҳои хеш барои рушду муваффақияти Донишгоҳ ва тарбияи насли нави табибони ватандӯст ва соҳибихтисос ҳамеша самари нек диҳад.

Зодрӯз муборак, муаллимаи азиз, Аҳрориён Зарина Асрор!

Раёсат, Иттифоқи касабаи кормандон ва аҳли кормандони шуъбаи тарбия


04.12.2025 82

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php