ТАБИБИ ҲОЗИҚ, ОЛИМ ВА ТАРБИЯТГАРИ НАСЛҲО, КИ ОСОРАШ ДАР ИЛМИ ТИБ ҶОВИДОН МЕМОНАД

ТАБИБИ ҲОЗИҚ, ОЛИМ ВА ТАРБИЯТГАРИ НАСЛҲО, КИ ОСОРАШ ДАР ИЛМИ ТИБ ҶОВИДОН МЕМОНАД

Рӯзи 3 декабри соли 2025 ҷомеаи тиббии Тоҷикистон аз як нобиғаи худ Шарифов Ҳамдамбой Юлдошович, табиби ҳозиқ, ҷарроҳи пуртаҷриба, олими шуҳратманд ва омӯзгори садоқатманд маҳрум гашт. Ӯ яке аз он шахсоне буд, ки тамоми ҳаёт ва донишу маҳорати худро ба мардум, ба донишҷӯён ва ба рушди илми тиб бахшид.

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 1982, Ҳамдамбой Шарифов бо тамоми масъулият ва меҳнати содиқона ба кори табобатӣ қадам гузошт. Фаъолияти ӯ аввал ҳамчун табиб-интерни беморхонаи шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) оғоз ёфт ва баъдан аз соли 1983 то 1989 дар беморхонаи ноҳияи Колхозобод (ҳоло ба номи Ҷ. Балхӣ) ҳамчун ҷарроҳ фаъолияти густурда анҷом дод. Дар ҳамин давра ӯ ҳамчун ҷарроҳ маъруфият пайдо карда, бо дасти моҳир ва муносибати инсонпарварона дили садҳо беморонро ба худ гарм карда буд.

Аз ибтидои солҳои 90-ум фаъолияти ӯ ранги илмӣ гирифт. Солҳои 1993–1997 Ҳамдамбой Шарифов ассистенти кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ фаъолият намуда, пас аз он то соли 2015 ҳамчун дотсенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 ба рушди илми ҷарроҳӣ саҳми арзанда гузошт.

Бо таҷриба ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ, ӯ мудири ду кафедраи муҳим анатомияи патологӣ ва тибби судӣ гардид ва муҳити илмӣ-омӯзгориро дар ин бахшҳо боз ҳам фаъолтар намуд.

Дар солҳои 1994-2005 ӯ ҳамчун ҷонишини декани факултети педиатрӣ фаъолият карда, дар ташаккули садҳо табибони наврас нақши калидӣ бозид.

Самти асосии таҳқиқоти илмии Шарифов Ҳамдамбой Юлдошович оризаҳои саратони рӯдаи ғавс буд. Тадқиқоти ӯ ба фаҳмиши беҳтари марҳилаҳои беморӣ, усулҳои ташхиси бармаҳал ва роҳҳои беҳтари табобати ҷарроҳии ин навъи саратон мусоидат кард.

Вай муаллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ, 2 монография, 3 китоби дарсӣ ва зиёда аз 20 дастурамали таълимӣ мебошад. Ин осор то имрӯз сарчашмаи муҳими таълимӣ барои донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳаи тиб ба ҳисоб меравад.

Ҳамдамбой Шарифов танҳо як табиб ва олим набуд, ӯ устоди воқеӣ буд. Даҳҳо насли ҷавони табибон аз таҷриба, ҷаҳонбинӣ ва раҳнамоиҳои ӯ баҳра бурдаанд. Ӯ дарси масъулият, инсонгароӣ, меҳнатдӯстӣ ва пойбанди илм буданро ҳамеша дар амал нишон медод.

Боғи пурбори хизматҳои ӯ дар соҳаи тиб ва маориф бо мукофотҳои давлатӣ қадр гардида, Ҳамдамбой Шарифов дорандаи ордени “Шараф” буд, ки нишони эҳтироми давлат ба шахсе, ки умрашро ба мардум бахшидааст.

Вафоти нобаҳангоми ин шахсияти нодир дар 3 декабри 2025 талафоти бузурге барои илми тибби кишвар, муассисаҳои таълимӣ ва ҳазорон шогирдону ҳамкорони ӯст. Марги нобаҳангомаш на танҳо як устоди варзида, балки як инсони боақлу хоксор ва табиби ҳақиқиро аз миёни мо гирифт.

Осори илмӣ, шогирдони содиқ ва саҳми мондагори ӯ дар рушди ҷарроҳӣ ва маорифи тиббӣ барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Ҳамдамбой Шарифов бо ном ва корҳои некаш ҷовидона дар ёдҳо мемонад.

Руҳаш шод ва ёдаш гиромӣ бод.

Муҳиддин Н.Д., Додхоҳ Ҷ. С., Икромӣ Т.Ш., Аҳрориён З. А., Ҳусейнзода З. Ҳ., Қаландарзода Ё. Қ., Одинаев И. С., Абдуллозода С. М., Зарифӣ Н. А., Сафаров Б. И. ва аҳли профессорону омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино


04.12.2025 100

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php