Таҷрибаҳои кафедраи фармакология дар ОМИТ

Таҷрибаҳои кафедраи фармакология дар ОМИТ

Давоми 3 ҳафтаи охир донишҷӯёни курси 3-юми ҳамаи факултетҳо таҳти роҳбарии устодони кафедраи фармакология дар ОМИТ-и МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» гузаронидани таҷрибаҳоро дар ҳайвонҳои озмоишӣ (қурбоққаҳо) оиди мавзуъҳои дарсӣ (доруҳое, ки ба асабҳои ҳиссиётнок таъсир мекунанд. Доруҳое, ки ба системаҳои М ва Н- холинореактивӣ таъсир мекунанд. Доруҳое, ки ба системаи адренергӣ таъсир мекунанд) оғоз намуданд. Бо гузарондани ин таҷрибаҳо донишҷӯён бо маводҳои доругӣ ба монанди лидокаин, новокаин, пилокарпин, гидрохлорид, атропин, сулфат ва адреналин гидрохлорид, шакли онҳо, механизми таъсири доруҳо (эффекти фармакологии онҳо), таъсири доруҳо ба узвҳои дарунӣ, таъсири заҳрнокии доруҳо (таъсири токсикии никотин) аз наздик шинос гардида, сатҳи донишашонро баланд мекунанд.

Кафедраи Фармакология


03
02
01
13.10.2021 34