ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН

Дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 05октябри соли 2021 Рӯзи забон таҷлил карда шуд. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Уроқов К.З. қайд намуд, ки ҳамасола 5 октябр ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ – Рӯзи забон қайд карда мешавад. Дар дунё 6 ҳазор забон ҳаст ва фақат 100 забон мақоми давлатиро гирифтааст, ки ба ин қатор забони тоҷикӣ низ шомил аст. Бе донистани забонҳо мо мутахассиси хуб шуда наметавонем. Бояд сифатҳои хуби инсонӣ дошта, технологияҳои навинро омӯзем ва ба ғайр аз донистани забони модарӣ, бояд забонҳои русӣ ва англисиро низ аз худ намоем. Бо назардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ Сарвари давлат гуфтаанд: "Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад".

Интернҳои кафедра Юлдошева З., Саъдиева М. ва Атомамадова О. дар баромадҳояшон бахшида ба Рӯзи забон ва иди касбии муаллимон ҳамагонро табрик гуфта, бо шеър ва зарбулмасалҳо хотири ҳозиринро шод гардонанд.

Ман намозамро ба номат мегузорам тоҷикӣ,

Ифтихорам тоҷикӣ, дору надорам тоҷикӣ.

Атромезу фараҳафзо ҳавои кишварам,

Лафзи ширину забони ширадорам тоҷикӣ.

Дар саховат офтобам, дар тараҳҳум мисли абр,

З-оташи суғдон ба ҷонам, сӯз дорам тоҷикӣ.

Хоки пои дӯстонро тӯтиё созам ба чашм,

Нури дида, тоҷи сар бошад шиорам тоҷикӣ.

Рӯзи шодиам намедонам кӣ омад, бо кӣ рафт,

Дар азоям дӯстонро мешуморам тоҷикӣ.

Гушна мегардам, вале ояд ба дидорам ҳабиб,

Ҳарчӣ дорам рӯи хонам мегузорам тоҷикӣ.

Аҳли сомонам, мусулмон, эътиқодам комил аст,

Аз Худои меҳрубон умедворам тоҷикӣ.

Ваҳдати миллат таманнои дили Меҳринисо,

Ин башорат шӯълаи санги мазорам тоҷикӣ.

Миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби лафзи бузургу ширадори Абӯабдуллои Рӯдакии хирадманд, Абулқосим Фирдавсии ширинкалом, Шайх Саъдии Шерозии пандомӯз, Хоҷа Ҳофизи ғазалсаро, Умари Хайёми рубоётхон, Ибни Синои нуктадон, Айниву Лоҳутӣ, Лоиқу Сорбон ва дигар бузургони классикиву муосир аст. Ба ҳамаи ҳамватанон таҷлили рӯзи забони тоҷикӣ, забони зебову гувороро муборакбод гуфта, сиҳатмандӣ, покизагии сурату сират, хушгуфториву хушрафторӣ, пиндори неку некномӣ, осоиштагиву сарбаландӣ орзумандем.

                                               Кафедраи бемориҳои дарунии №3


Таҷлили “Рӯзи забон”
Таҷлили “Рӯзи забон”
Таҷлили “Рӯзи забон”
07.10.2021 34