Таҷлили ҷашни Рӯзи Забон дар МТИК “Стоматология”- и МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Таҷлили ҷашни  Рӯзи Забон  дар  МТИК  “Стоматология”- и  МДТ  “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Санаи 05.10.2021 дар Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш, директори марказ н.и.т. Одинаев И.С., сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Таибов С.А., сардори бахши тарбия З.Абдураҳмонов, кормандон ва донишҷӯёни курси дуюм, гуруҳҳои 6, 11-и факултети стоматологӣ баргузор гашт.

Сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа Таибов С.А. ба сухан баромада, устодон ва донишҷӯёнро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, афзуд, ки забони давлатӣ яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол буда рушду   ташаккули пайвастаи   он   муҳимтарин   рамзи истиқлолияти давлативу   сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ, пояи истиқлолҳои   кишварамонро зина ба зина вусъат медиҳад. Боиси хушнудист, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир меандешанд. Тавре ки Пешвои миллат дар яке аз Паёмҳои шодбошии хеш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таъкид намудаанд:"Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст; бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташудаашро мехонему мефаҳмем; бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд."

Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш дар бораи забони тоҷикӣ-форсӣ, мавқеи таърихии он, рушду инкишофи забон дар даврони истиқлолият ибрози андеша намуда, аз эҷодиёти хеш шеърҳо қироат намуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


05.10.2021 41