Таҷлил аз ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи тибби оилавӣ

Таҷлил аз ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи тибби оилавӣ

Санаи 7-уми сентябри соли 2021 дар кафедраи тибби оилавӣ, воқеъ дар пойгоҳи МД МСШ №12, бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ чорабинии тарбиявию фарҳангӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Раҳматуллоева З. Р. гузашта, дар он устодон- муаллимаи калони кафедра Ҳайдарова С.Ф, ассистентҳо Баротов И.И, Раҳмонов Ё.Ҳ. ва донишҷӯёни курси 5, гурӯҳҳои русии 74, 75, 81, 82-и факултети тиббӣ иштирок карданд.

Донишҷуён ва устодон ҷамъомадро бо Суруди Миллӣ оғоз намуда, сипас донишҷуён Нуриддинзода Ф. , Хоҷаев Н. аз гурӯҳи 74 ва Суфиев А. аз гурӯҳи 82 дар бораи таърихи Истиқлолият маълумот дода, дар васфи Ватан ва Истиқлолият шеърҳо қироат карданд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъаларо баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебо дорем. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта, дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.

Дар поёни чорабинӣ муаллимаи калони кафедра Ҳайдарова С. Ф. баромад карда, ба ташкилкунандагони маҳфил миннатдории худро баён намуданд.

 

Ассистенти кафедра Раҳматуллоева З. Р.


13.09.2021 27