Таҳкими ҳамкориҳо бо Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох

Таҳкими ҳамкориҳо бо Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох

Дар санаи 2-юми декабри соли ҷорӣ м.и.в. ректор д.и.т., профессор Ибодов С.Т. намояндагони Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох хонума Клаудиа Сиверс ва ҷаноби Якоб Гатсро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо доир ба корҳои анҷомдода шуда дар доираи лоиҳаи “Қавигардонии ташхис, тибби озмоишгоҳӣ ва тадқиқоти саҳроии бактерияҳои ниҳоят хатарнок Bacillus anthracis ва Francisella tularensis дар Тоҷикистон» (Strengthening of diagnosis, laboratory medicine and field investigations of the highly pathogenic bacteria Bacillus anthracis and Francisella tularensis in Tajikistan) мулоқот ороста, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон дар рафти мулоқот ҷонибҳо дарҷ намуданд, ки доир ба натиҷаҳои озмоишҳои гузаронида шуда дар маҷаллаҳои ду кишвар мақолаҳои илмӣ ба чоп расонанд. Дар охир ҷонибҳо барои боз ҳам тамдид додани ҳамкориҳо ибрози ақида намуда, омодагии худро дар ин самт баён намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи болозикр муддати 2 сол аст, ки дар Озмоишгоҳи селулаҳои бунёдии донишгоҳ амали мешавад ва анҷомёбии он дар охири соли 2019 дар назар аст.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ


05.12.2019 383