Суханронии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. дар шӯрои васеи олимони бахшида ба 80-солагии донишгоҳи тиббӣ

Суханронии ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. дар шӯрои васеи олимони бахшида ба 80-солагии донишгоҳи тиббӣ
Муҳтарам, аъзои Шӯрои олимон, ҳозирини гиромӣ!
Вобаста ба оне, ки дар ҷаласаи васеи имрӯза фаъолияти донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар зарфи 80 соли мавҷудудияташ натиҷагирӣ карда мешавад, хатмкардагони варзидаи ин махзани илму хирад – ходимони илми тиб, роҳбарону фаъолони соҳаи тандурустии кишвар, ки бо донишгоҳи тиббӣ пайванди ногустастанӣ доранд, ташриф оварданд, ки эшонро низ ба ин даргоҳ хушомадед мегӯем.
Ҳамзамон, аз хориҷи кишвар, шарикони донишгоҳӣ – ректорон ва намояндагони муассисаҳои олии касбӣ аз Федератсияи Россия, Олмон, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба Ватани азизи мо ташриф оварданд, ки аз дидори эшон шоду масрурем!
Ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовинони Вазири маориф ва илм, аъзои Шӯрои ректорони муассисаи олии касбии Тоҷикистонро низ ба донишгоҳи тиббӣ, хуш омадед мегӯем.
Муҳтарам, меҳмонони олиқадр, Ҳозирини гиромӣ!
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки номи мутафаккири барҷаста, фарзанди фарзонаи тоҷик, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дорад, мактаби бузургии табибони миллӣ дониста мешавад. Имсол ба бунёди ин боргоҳи илму хирад 80 сол пур мешавад, ки ин давра ба рушди тибби муосири тоҷикон пайвастагии мустақим дошта, аввалин табибони Тоҷикистони муосир инҷо таҳсил намуданд. Дар натиҷа, аввалин хатмкардагон фаъолияти касбиро дар ин муассиса идома дода, ҷараёни таҳсилро баҳри омодасозии кадрҳои тиббӣ барои халқи тоҷик таъмин намуданд. Аллакай дар давраи солҳои 1965-1970 бо заҳмату талошҳои олимони варзида, мактабҳои илмиву таълимии дар самтҳои гуногуни тиб таъсис дода шуда, олимони тоҷик дар татқиқотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тиб ширкат намуданд.
Солҳои 70-80-уми асри гузашта, донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шуҳрати байналмилалӣ пайдо карда, нафақат барои кишвар балки барои омодасозии мутахассисони тиббӣ барои дигар давлати дунё нақш гузоштаст. Дар маҷмуъ, муассисаи олии тиббии тоҷикон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он мавқеи назаррас дошта, олимони тоҷик ва хатмкардагони ин муассиса дар рушди илми тиб, мукаммал намудани ташхису табобат ва табобати мардум саҳми арзанда гузоштанд.
Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, зарурияти бунёди системаи таҳсилоти тиббии миллӣ ва инкишофи мактабҳои илмми тиб пеш омад. Мутаассифона, дар давраи аввали истиқлолияти давлатӣ мушкилотҳои сангини гузариш ва ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоии кишвар таъсири манфии худро ба фаъолияти донишгоҳ низ расонид.
Хушбахтона, бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдор ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.
Дар ин замина, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин боргоҳи илму хирад аз марҳилаҳои барқарорсозиву созандагӣ ба марҳилаи рушду ташаккулёбӣ расид.
Бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро барои солҳои 2006–2015” қабул намуд, ки натиҷабахш анҷом дода шуд. Ин марҳила, давраи барқарорсозии ҷараёни таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ арзёбӣ мегардад.
Соли 2016 оғози марҳилаи нави рушди донишгоҳи тиббӣ дониста шуда, Стратегияи рушди донишгоҳ то соли 2025 таҳия ва 5 ҳадафи стратегии донишгоҳӣ муайян карда шуд. Баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии донишгоҳӣ тайи 3 соли охир бинои сохтмонаш нотамоми таълимии донишгоҳӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Дар натиҷа, донишгоҳ боз соҳиби як бинои таълимии замонавӣ дар ҳаҷмӣ зиёда аз 5500 метри мураббаъ гардид. Дар ин марҳила 4 бинои таълимии донишгоҳ, ки солҳои зиёд таъмирталаб ва фарсуда буд, аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, синфҳонаҳо, толорҳои лексионӣ ва озмоишгоҳҳои дар ин бино воқеъ буда ба талаботи муосири сохтмонӣ ва таълимӣ ҷавобгӯ гардонида шуд. Барномаҳои таълимӣ аз рӯи талаботҳои бозори меҳнат ва меъёрҳои байналмилалӣ азнав коркард карда шуда, системаи муосири ҷараёни Балонӣ ворид карда шуд.
Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2017-2018 бори аввал баҳогузории натиҷаи таҳсилот ба тариқи барномаҳои компютерӣ амалӣ карда шуд, ки баҳогузорӣ феълан дар назди донишҷӯ бе дахолати ғайр сурат мегирад. Ин ҳам яке аз дастовардҳои намоёни донишгоҳ дар ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад.
Саҳми олимони донишгоҳ дар таҳияи ғояҳои нав, маҳсули нерӯи зеҳнӣ вобаста ба мукаммал намудани усулҳои ташхису табобат, навовариву ихтироъкорӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот назаррас аст.
Яке аз меъёрҳои асосии арзёбии фаъолияти муассисаи олии касбӣ ин фаъолияти байналмилалӣ ва эътирофи он аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи хориҷа мебошад. Айни замон, донишгоҳи тиббӣ бо бештар аз 110 муассисаҳои олии таълимию илмии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар рӯзи 1 сенябри соли 2019 бахшида ба Рӯзи дониш ишора намуданд, ки Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар хусуси ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти донишгоҳҳои кишвар ва устувор гардонидани мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин замина, роҳбарияти донишгоҳи тиббӣ таҷрибаи мукаммали созандагӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва нерӯи худро баҳри мутобиқ намудани ҷараёни таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ равона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар тӯли 80 соли фаъолият, ин донишгоҳи тиббиро бештар аз 43000 нафар хатм намуданд, ки 63%-и он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меоянд. Аз ин шумора, 1320 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 217 нафар рисолаҳои доктории худро бо муваффақият ҳимоя намуданд. Ин рақамҳо аз фаъолияти пурсамари донишгоҳи тиббӣ шаҳодат медиҳад. Инҷо мехостам, ки доир ба нақши олимони варзидаи донишгоҳ иттилоъ диҳам. Вале бо назардошти он, ки “Донишнома”-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки саҳм ва нақши эшонро дарбар мегирад, бознашр карда шуд ва дастраси хонандагон гардид, маърузаи худро бо ин хотима мебахшам.

30.11.2019 380