СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ: АЗ ОҒОЗ ТО ДАҲ СОЛИ ФАЪОЛИЯТ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ: АЗ ОҒОЗ ТО ДАҲ СОЛИ ФАЪОЛИЯТ

Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 15 июни соли 2001 бо ба имзо расидани Эъломияи таъсиси “Созмони ҳамкории Шанхай” таъсис ёфт. Ин созмон аз рӯи нуфуз ва захоири иқтисодӣ, демографӣ, ҳудудӣ ва табиӣ бузургтарин дар минтақаи Авруосиё дониста мешавад. Муассисони ин созмон Федератсияи Россия, Ҷумҳурии халқии Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон буда, ҳамчунин мақоми нозирро дар ин созмон Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Муғулистон соҳибанд. Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар кишварҳои узви ин созмон зиёда аз 1,6 миллиард аҳолӣ тақрибан 61% нуфузи Авруосиёро ташкил медиҳад, зиндагонӣ мекунанд ва аз ҷиҳати ҳудуд бошад вай фарогири 20,5 млрд км кв мебошад.

         Вазифаи асосии Созмон, тибқи Оинномаи дар вохӯрии сарони давлат-ҳои узви Созмон дар Санкт-Петербург қабул шуда (7 июни соли 2002) ин:

-         таҳкими равобити тарафайни дӯстона байни кишварҳои узв;

-         густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо мақсади дастгирии сулҳ, амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба таъсиси низоми нави байналхал-қии демократӣ, боадолат ва аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ маъқул;

-         муборизаи якҷоя алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва яроқ, дигар навъҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ ва ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

-         ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои минтақавии босамари сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, мудофиавӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, қарзӣ-молиявӣ ва ғайра, ки боиси таваҷҷуҳи умум ҳастанд;

-         мусоидат ба болоравии иқтисодии ҳаматарафа, инкишофи иҷтимоиву фарҳангӣ дар минтақа тавассути фаъолияти якҷоя дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо мақсади боло бурдани сатҳу шароити зисти мардумони давлатҳои аъзо;

-         мавзунгардонии муносибатҳо дар рафти ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

-         мусоидат ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мувофиқи ӯҳдадориҳои байналхалқӣ ва қонунгузории милии давлат-аъзоён;

-         дастгирию густариши равобит бо дигар созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои ҷаҳон;

-         ҳамкориҳо дар пешгирии низоъҳои минтақавию байналхалқӣ ва ҳалли мусолиҳатомези онҳо;

-         ҷустуҷӯи муштараки роҳҳои ҳалли масоиле, ки дар асри ХХI пайдо мешаванд.

         Албатта зуҳури чунин созмони бонуфуз боиси нигаронӣ аз тарафи кишварҳои дигар, алалхусус Ғарб буда, онро чун ҳамвазн ба НАТО мепиндоранд. Дар ҳоли заминаи кофи доштани бунёди секунҷаи Авруосиёгии интегратсионии Москва-Пекин-Деҳлӣ зуҳури як омили глобалии геополитикӣ муқобил ба ғарбро ба миён меорад.

         Дар як муддати кутоҳ СҲШ тавонист, ки аз як сохтори машварати тадриҷан ба созмони байналхалқии минтақавӣ табдил ёбад ва ба худ вазифаи кафили сулҳу суботро дар Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Аталантикаву уқёнуси Оромро касб намояд.

         Пешомадҳои СҲШ ниҳоят васеанд. Аввал ин ки ҳамаи давлатҳои аъзо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба ҳам наздиканд ва онҳоро умумияти таърих, фарҳанги ягона, анъаноту алоқаҳои дӯстона мепайванданд. Ҳамаи давлатҳои узви СҲШ манфиатдор ба ҳифзи суботу амният чи дар дохили кишварҳои хеш ва чи берун аз марзҳои худ ҳастанд. Бинобар ин онҳо дар иҷрои вазоифи гуногун, аз қабили пешбурди ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳам-кориҳои муштарак алайҳи таҳдидҳо дар мавҷудияти онҳо манфиатдоранд. Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи аъзоёни созмон ҷонибори тақвият ва густариши аносири иқтисодии ин созмонанд ва хуб мефаҳманд, ки танҳо кушишҳои якҷоя метавонад ин созмонро ба созмони байналхалқии пешбари ҷаҳонӣ табдил диҳанд.

         Вақте сухан дар бораи созмонҳои байналхалқии минтақавӣ меравад, алалхусус нисбати минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ фазои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, мавҳумоти зиёде пеш меоянд. Мисол, агар СҲШ созмони иқтисодӣ бошад, пас зарурати таъсиси ЕврАзЭС дар чист, ва ё агар сиёсиву ҳарбӣ бошад, пас Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ чӣ зарурият дорад? Дар ҳар ду созмони зикршуда қариб ҳамон давлатҳо иштирок мекунанд, ки аъзои СҲШ ҳастанд. Аввал, ин ки ҳар ду созмон (СААД ва СҲШ) барои таъмини амнияту субот дар минтақа фаъолият доранд. Яъне, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароии сиёсӣ ва динӣ, муқобилият ба қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонуни ва ғайра. Бинобар ин дер ё зуд масъалаи тақсими доираи масъулиятҳо мубрам мегардад.     

         Дуюм, ин ки дар СҲШ нақши пешсафии Чин муқобили Россия аён аст ва бинобар ин пешгӯи кардани он ки Чин кадом сиёсатро пас аз расидан ба аҳдофи асосии хеш пеш мегирад, саволест, ки ҷавобро мехоҳад.

         Сеюм, эҳтимол дорад Чин мехоҳад худро дао СААД бинад ва ба далели ин гуфтаҳо метавон ташаббусҳои Чинро бобати ҷори намудани механизмҳои СААД ва СҲШ пеш овард. Дар ин ҳолат СҲШ яқинан СААД-ро фурӯ мебарад. Новобаста ба ҳама, фазои ҳамкорӣ мавҷуд аст ва он хеле васеъ мебошад. Ба ҳар ҳол метавон гуфт, ки даҳсолаи наздик мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ чун омили бунёдии ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсӣ боқӣ мемонад. СААД-ро лозим аст, ки маҳз дар ҳамин асос дар якҷояги бо созмонҳое, ки аҳдофи монандро пеши худ гузоштанд, аз қабили НАТО, СҲШ фаъолияти худро ба роҳ монда васеъ намояд.

         Механизми мувофиқагардонии фаъолияти СААД ва СҲШ ба роҳ мондани кор аз рӯи усуле, ки мувофиқагардонии фаъолияти ЕврАзЭС ва СҲШ амал мекунад ҷо дошта бошад, яъне аввал давлатҳое, ки ба СААД дохиланд дар чаҳорчубаи ин созмон назари худро дар ҳалли ин ё он масъала ё татбиқи ин ё он пружа мувофиқ мегардонанд ва баъд бо мавқеи ягона қарори худро дар чаҳорчубаи СҲШ ба маърази Чин мегузоранд.

         Ба гуфтаи раиси Сарситоди нерӯҳои мусаллаҳи Руссия генерал Юрий Балуевский фаъолияти ҳамвори ҳарду созмон боис гаштанд, ки тобистони соли 2007 дар ҳудуди Руссия бори нахуст дар таърихи ҳарду созмон машқҳои маҷмӯии фаврӣ-тактикӣ гузаронида мешавад, ки “Мирная миссия Рубеж-2007” номгузорӣ шудааст. Аз тарафи Руссия ваЧин иштироки нерӯҳои ҳавоӣ ва мошинҳои зиреҳпуш як баталиён(десантӣ), Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон (аз тарафи мо ротаи десанти-зарбазан) як ҷузъи (рота) ҳарбӣ ширкат меварзанд.

         Чи тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисони СҲШ аст. Албатта аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш Тоҷикистон тавонист, ки дар баробари дигар кишварҳо масоили гуногунро ҳал намояд. Барои Тоҷикистон маълум буд, ки таъсиси чунин созмон (“Панҷгонаи Шанхай”) масъалаи рӯз аст, зеро ки масоили муайян намудани сарҳадот бо кишварҳои ҳамҷавор дар вазъияти бесуботии дохилидавлатӣ мебоист ҳалли худро меёфт.

         Албатта, барои кишваре монанди Тоҷикистон ҳалли чунин масъалаи асос бо кишваре монанди Чин, кори миёншикан буд, лекин дар чаҳорчубаи созмон расидан ба созиши қаноатмандона имкониятҳои бештари одилона ҳал гаштани масъала буд. Бинобар ин Тоҷикистон аввал дар “Панҷгонаи Шанхай” ва баъд дар СҲШ фаъолияти пурсамар дорад.

         Бояд ёдовар шуд, ки масъалаи мушкил масоили марзҳои байни Чину Тоҷикистон буд. Гуфтушунид оиди ин масъала ҳануз дар даврони шуравӣ оғоз шуда буданд, баъдан муддати 10 сол дар комиссияи бисёртарафа.

         Маҳз ба туфайли принсипҳо ва чораҳои эътимод, ки кишварҳои СҲШ ба кор гирифтанд, имконпазир гашт, ки ин масъалаи мураккаб ҳалли худро ёбад.

         Пас аз ин, равобити дуҷонибаи ҶТ ваЧин ру ба беҳбудӣ ва пешравӣ овардаанд. Масалан, соли 2003 байни ҳарду кишвар алоқаи мошингард ба роҳ монда шуд, ки метавонад ҳамчун такон барои мубодилаи бештари мол миёни ҳарду кишвар гардад, ҳамзамон дар як ҳафта 1 маротиба алоқаи ҳавои байни ду кишвар амал мекунад.

         Таъсиси котиботи СҲШ ва ММЗТ анҷоми марҳилаи аввали бунёди ин созмон ба ҳисоб меравад. Минбаъд СҲШ метавонад пурра ба фаъолияти ҳзаматарафа даст занад, алалхусус дар бахшҳои густариши равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, қарзӣ, молиявӣ, фарҳангӣ ва ғайра.

         Фаъолияти пурсамари ин созмон сабаб шудаст, ки бархе аз марказҳои қудрати минтақавӣ аз қабили Покистон, Ҳиндустон, Эрон чун самти улувиятноки сиёсати хориҷии хеш аъзогии комилҳуқуқи ин созмонро дастраси доранд.

         Албатта аъзоёни нав дар симои Деҳлӣ ва Исломобод обрӯ ва манзаллати онро боло мекунад, хусусан дар бахши мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, ки боиси нигаронию таваҷҷуҳи хосаи чи аъзоён, чи нозирони ин созмон гаштааст.

         Фаъолияти шашсолаи созмон нишон дод, ки принсипҳои сулҳ, ҳамкорӣ, зидди тарафи сеюм набудан ва “Руҳияи Шанхай”, ки дар “боварии тарафайн, машваратҳои тарафайн, баробарӣ, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангҳо ва кушиш барои инкишофи тарафайн” зоҳир мегардад, ҷавобгӯи манофеи миллӣ ва хоҳишу ормонҳои халқҳои давлат-аъзоёни созмон мебошад. Маҳз ҳамин сифаташ кафили он гаштааст, ки новобаста ба ҳама гуна даъватҳои нав ва тағйиротҳои кулли дар ҷаҳон ин созмон худро ҳифз намуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гашт.

         Вақте дар арафаи панҷсолагии ҷашни созмон ба СҲШ Чжан Дегуан суол доданд, ки “даҳсолагии созмонро оё ҷашн мегирифта бошанд? ”. Ҷавоби ӯ қатъи буд: “Натанҳо даҳсолагӣ, балки биступанҷсолагӣ, панҷоҳсолагӣ ва ҳатто садсолагӣ низ ҷашн гирифта мешавад”.

         Густариши равобит бо СҲШ барои Тоҷикистон натанҳо густариши равобити бисёртарафа аст, балки заминаест барои пешрафти равобити дуҷониба.

         Барои Тоҷикистон СҲШ механизми мусоидест барои густариши равобити густурда бо Чин.

         Маҳз аз байн бурдани баҳси сарҳади ба таҳкими истиқлоли Тоҷикистон мусоидати фаъол намуд ва ҳамзамон барои ҳамкории васеъ ва дӯстонаи марзӣ, рушди босуръати равобити иқтисодӣ, шарикии минтақавӣ ва байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам овард.

         Чи тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2006 таъкид кард: - “Маҳз талоши фаъол ва созандаи Россия, Чин ва дигар кишварҳои аъзо Созмони ҳамкории Шанхайро ба созмони бонуфуз ва дорои механизм-ҳои муассири мубориза бо хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ, таъмини суботу амният ва ҳамкории васеи минтақавӣ табдил гардид”. Ҳамкории фаъолу муассири Тоҷикистон бо СҲШ аз фаъолияти муштараки аъзои ин ташкилот дар мавриди мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил оғоз шуда, идома ёфтааст. Имрӯз муносибатҳои мо дар доираи ин созмон ғайр аз масоили зикршуда равобити судманди иқтисодиро ҳам дарбар мегиранд.

         Дар сафарҳои қаблии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории миёни ду кмшвар ба имзо расид, ки аз он марҳалаи сифатан нави равобит ва шарикии минтақавӣ оғоз гардид.

         Дар ҳамоиши Тошкент, сарвари он вақтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзинтао изҳор кард, ки Чин омода аст ба шарикони худ дар СҲШ 900 млн доллари амрикои қарзи камфоиз (2%) барои рушди равобити иқтисоди дар доираи СҲШ маблағ ҷудо намояд. Тоҷикистон аз ин имконият хеле хуб истифода мебарад.аз ҷумла татбиқи қарордод дар бораи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак ва Созишнома дар бораи сохтмони хатти баландшиддати 500 киловаттаи (кв) интиқоли нерӯи барқ “Шимол Ҷануб”, сохтмони хатти баланшиддати 220 кв-и интиқоли нерӯи барқ “ЛолазорғХатлон” аст, ки арзиши умумии ин се лоиҳа 639млн доллари амрикоиро ташкил дода, дар доираи имтиёзоти дарозмуддат аз худ карда мешаванд ва имрӯзҳокорҳо дар ин иншоотҳо муташаккилона идома доранд.

         Бояд ёдовар шуд, ки байни Тоҷикистону Чин шартнома оид ба кушишҳои муштарак дар мубориза алайҳи терроризм ба имзо расидааст, ки мувофиқи он Тоҷикистон ба хадамоти махсуси чинӣ иҷозат додааст, ки шахсони ба терроризм гумонбаршударо дар марзҳои худ таъқиб намоянд. Ба ҳамин маъно шартномаҳо алҳол бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба имзо расидаанд.

         Афзалияти асосии лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ғайр аз ҳаҷми бузургашон дар он аст, ки “татбиқи амалии онҳо бе кашолкорӣ оғоз мегардад”.

         Чи тавре маълум аст, ҳангоми сафари давлатӣ ба Чин (15-21 январи соли 2007) Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имконоти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу маориф мубодилаи афкор намуданд.

         Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Тсзинтао аз он, ки дар панҷ соли охир мубодилаи мол байни ду кишвар зиёда аз бист маротиба афзоиш ёфтааст, изҳори қаноатманди карда, ҳавасмандии худро баҳри рушдибештари робитаҳои мутақобилан судбахш таъкид доштанд.

         Ҷонибҳо ба сатҳи боварии байниҳамдигарӣ баҳои баланд дода, оид ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои ҷазҳони муосир ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубодилаи афкор намуданд. Дар ҷараёни сафари давлатӣ 6 ҳуҷҷат ба имзо расид. Зери Аҳднома оиди ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстию ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Ху Тсзинтао имзо гузоштанд.

         Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкории техникию иқтисодӣ ва Созишнома оиди тақдими як адад таҷҳизоти худгарди рентгенӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири он вақтаи рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Бобоев ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой Бо Силай ба имзо расид.

         Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳэурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба алоқаи ҳавоиро Директори генералии корхонаи воҳиди давлатии Ҳавопаймоии “Тоҷикистон” Ҳокимшо Тиллоев ва Раиси Саридораи авиатсияи гражданӣ Ян Юанюан имзо намуданд.

         Протоколи иловагӣ ба Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарипов ва Вазири маорифи Хитой Чжоу Сзи ба имзо расид.

         Ба Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Хитой Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов ва Муовини раиси Бонки давлатии рушди Хитой Яо Чжонмин имзо гузоштанд.

         Бояд таъкид намуд, ки ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2006 ба 300 млн доллари амрикоӣ расид, ки он аз нишондодҳои соли 2005 50% зиёд аст. Айни ҳол дар ҷумҳурии мо наздики 50 лоиҳаи муштарак дар соҳаҳои гуногун татбиқ мегарданд. Танҳо дар давоми 5 сол Ҳукумати ҶМЧ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 630 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои моддӣ расондааст, ки аз он 30 миллионаш грант мебошад.       

         Ҳамчунин, дар рафти ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати “Синоҳайдро”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Сзиянро оид ба сохтмони як нерӯгоҳи обии барқӣ дар болои дарёи Зарафшон бо иқтидори 150 мегават мувофиқа намуд. Нерӯгоҳи мазкур, ки арзиши тақрибии сохтмонаш 300 млн доллари амрикоист, бо се агрегат дар як сол 537 миллион кВт\с нерӯи барқ истеҳсол хоҳад намуд.

         Ҳамкорӣ бо ширкати “Ситик-групп” васоити нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар солҳои наздик мавриди таҷдид қарор дода мешаванд. Тибқи мувофиқаҳои бадастомада аз ҷониби ин ширкат бо шарту шароити мусоид ва қарзи имтиёзнок ба Тоҷикистон 23 тепловози нав ворид карда мешавад. Инчунин, дар назар аст, ки бо ҷалби сармояи Чин роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва Колхозобод-Панҷи Поён бунёд гардида, роҳи оҳани Конибодом-Бекобод бо воситаҳои муосири таъминоти барқ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Ширкати “Шанхай-Бел-Алкател” ният дорад, ки бо ҷалби сармояи Чин дар ҳаҷми 20 млн доллари амрикоӣ роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб-ро бо воситаҳои муосири алоқа таҷҳизонида, дар ҳамкорӣ бо Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар таҷдиди тамоми системаи алоқаи роҳи оҳани ҷумҳурӣ иштироки фаъол дошта бошад. Ин масъалаҳо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд.

         Зимни ин сафар инчунин, дар сатҳи байниҳукуматию байниидоравӣ ва байни соҳибкорону тоҷирон ва бонкҳои кишвар 12 созишномаю қарордодҳои дигар ба имзо расиданд. Чун аъзои фоъоли созмон Тоҷикистон борҳост, ки шахсони баландмақоми давлат аъзоёни СҲШ-ро дар Душанбе меҳмондорӣ мунамояд. 4-уми июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи вазирони умури хориҷаи “Панҷгонаи Шанхай” доир гашт. 5-уми июли соли 2010-дар Душанбе вохӯрии панҷуми сарони давлатҳои “Панҷгонаи Шанхай” доир гашт. Дар натиҷаи вохӯрӣ “Изҳороти Душанбе” ба имзо расид.

 

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


11.10.2021 37