СОЛИ 2021 РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

СОЛИ 2021 РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
Бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз нуқтаи даргир ба мизбони чорабиниҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфа, борҳо дар ташкилоту созмонҳои муътабари байналмилалӣ муваффақона раисӣ кардааст.
Дар низоми сиёсии ҷаҳони муосир нақш ва ҷойгоҳи созмонҳои байналмилалӣ дар таҳаввулу таҳким ва ҳамгироии муносибати давлатҳо хеле бузург аст. Дар ҳамаи давру замонҳо давлатҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои худ ва расидан ба ҳадафҳои умумибашариву ҳалли проблемаҳои глобалӣ ба як навъ ҳамкориву иттиҳод ва эътимоду боварӣ ниёз доранд. Зеро созмонҳои байналхалқӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо манфиатҳои миллии худро дар доираи як низоми муайян пайгирӣ намоянд. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар ҷаҳон даҳҳо созмонҳои байналхалқӣ мавҷуданд, доираи гуногуни давлатҳоро фаро гирифта дар ҳалли мушкилоти мухталиф нақши созандаи худро мегузоранд.
Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалие мебошад, ки дар сиёсати ҷаҳони муосир нақш ва таъсири махсус дорад. Ин созмон аз замони ташаккули худ дар доираи давлатҳои гуногуни ҳамҷавор ва аз нуқтаи назари фаъолият шакли нави ҳамкориҳое мебошад, ки кишварҳои муқтадири минтақаро муттаҳид намудааст. Созмони Ҳамкории Шанхай, ки то 15-уми июни соли 2001-ум ҳамчун «Панҷгонаи Шанхай» фаъолият мекард, ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавӣ дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши нерӯҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумхурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ карда, минбаъд фарогири масъалаҳои умдаву ҷиддитари ҳаёти рӯзмарраи аҳолии ин давлатҳо гардид. Ба Созмони Ҳамкории Шанхай ҳашт давлат-Тоҷикистон, Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон аъзо буда, чаҳор давлат- Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон мақоми нозирӣ доранд ва шаш давлати дигар-Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал,Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои шарики созмон мебошанд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъоли Созмони Ҳамкории Шанхай маротибаҳои зиёд ҷонибдории худро барои ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон таъкид намуда буд. Моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай тартиби додани мақоми давлати аъзо тасдиқ гардид, ки имконияти ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба Созмон фароҳам овард. Дар асоси ин ҳуҷҷат моҳи июни соли 2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Ҳиндустон ва Покистон ба аъзогии Созмон пазируфта шуданд. Созмони Ҳамкории Шанхай, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, баъди шомилшавии Ҳиндустону Покистон шакли нави ҳамкории давлатҳо аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба вуҷуд омад. Акнун масоҳати умумии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай тахминан 34,3 миллион километри мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 миллиард нафар ё 43,8 фоизи аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд. Созмони Ҳамкории Шанхай ягона сохтори ҳамкории байналмилалие ба ҳисоб меравад, ки Чину, Россия, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро муттаҳид сохтааст. Фаъолияти пурсамари давлатҳои аъзо дар Созмони Ҳамкории Шанхай имконият дод, ки аз сатҳи минтақа ба созмони байналмилалии ҳамкории бузург ва муътабару бонуфуз табдил ёбад. Ин созмон аз рӯи нуфуз ва захараҳои иқтисодӣ, демографӣ, ҳудудӣ ва табиӣ бузургтарин созмон дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокчии фаъоли Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад, ки ин аз ҷониби ҳамаи кишварҳои аъзои созмон эътироф шудааст. Мутобиқи муқаррароти Созмони Ҳамкории Шанхай, соли 2021 раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Баъди қабули давраи Раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20–солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай тасдиқ карда шуд. Рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ–атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷик ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд. Дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони Ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва чинӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст. Басо рамзӣ ва боиси ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонист, ки иҷлосияи ҷашнии сарони кишварҳои аъзо, яъне 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор мегардад. Гуфтан бамаврид аст, ки соли 2021 аз таъсис ёфтани Созмони Ҳамкории Шанхай 20 сол пур шуд ва ин ҷашни муҳиму таърихии созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки нишонаи нуфузу эътибори ҷаҳонии мамлакати мо дар арсаи олам ва сиёсати байналмилалӣ мебошад.
Валиев Давлатёр,

рӯзноманигор

16.06.2021 87