ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ «ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН» – ҚАДАМИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ «ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН» – ҚАДАМИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Дар давраи кунунии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки масъалаҳои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва тарбияи насли худшиносу ватандӯст аҳамияти аввалиндараҷа касб намудаанд, нақши занону бонувон ҳамчун неруи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа рӯз аз рӯз бештар мегардад. Маҳз, дар чунин шароити таърихӣ баргузор гардидани нахустин ҷаласаи Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб рафта, аҳамияти он аз доираи як ҳамоиши расмӣ хеле фаротар мебошад.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳое мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки воқеан, ба ояндаи ҷомеаи мо робитаи мустақим доранд. Ҳанӯз аз оғози ҳамоиш эҳсос мегардид, ки иштирокчиён на барои шунидани гузоришҳои навбатӣ, балки барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва пешниҳоди ташаббусҳои созанда ҷамъ омадаанд. Боиси зикри махсус аст, ки Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» бори аввал таъсис ёфта, фаъолияти худро оғоз намуд. Ташкили ин сохтори муҳими ҷамъиятӣ, маҳз, бо ташаббуси Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддинзода Бунафша роҳандозӣ гардид. Ин иқдом аз нигоҳи мазмун ва ҳадафҳои худ ба ниёзҳои воқеии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, барои муттаҳид намудани неруи занони фаъол ва соҳибтаҷрибаи кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Маҳз, ҳамин буд, ки имрӯз садои занони тоҷик, ки тарафдори сулҳ, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар ҷаҳон мебошанд, дар сар то сари сайёра ба гӯш мерасад. Онҳо аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлат ва Президенти кишвар дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар ин раванд сухан мегӯянд. Аз пешрафти тафаккури сиёсии занон ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳокимияти давлатӣ интихоботҳои парлумони кишвар гувоҳӣ медиҳанд. Бо вуҷуди ин, таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки имкониятҳои мавҷуда боз ҳам бештар истифода гардида, занони фаъол ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа ҷалб карда шаванд.

Аз ҳамин нуқтаи назар, таъсиси Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» метавонад, ба як минбари муассири ҳамандешӣ ва ҳамгироӣ табдил ёбад. Ҳадафи асосии он муттаҳид сохтани иқтидор, дониш, таҷриба ва имкониятҳои занони кишвар барои саҳмгузории бештар дар пешрафти давлат ва ҷомеа мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, ба тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, пешгирии хурофотпарастӣ, таассубгароӣ, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногуни идеологӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит масъулияти занону модарон бештар мегардад. Зеро маҳз, модар аввалин омӯзгор ва тарбиятгари фарзанд буда, ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, ҳисси миллӣ ва маърифати ӯро ташаккул медиҳад. Агар оила солим бошад, ҷомеа низ солим хоҳад буд. Агар модар соҳибмаърифат бошад, насли оянда низ соҳибмаърифат ба воя мерасад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини ҷаласа он буд, ки масъалаи мубориза бо хурофот ва таассуб ҳамчун вазифаи умумимиллӣ арзёбӣ гардид. Таҷрибаи ҷомеа нишон медиҳад, ки роҳи муассиртарини муқовимат ба чунин падидаҳо баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати аҳолӣ мебошад. Дар ин самт нақши занон, бахусус модарон, хеле муҳим аст. Онҳо метавонанд, тавассути тарбияи дуруст фарзандонро аз таъсири ақидаҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ эмин нигоҳ доранд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ба масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занони соҳибкор, таҳкими фаъолияти ҷамъиятии бонувон ва ҷалби онҳо ба корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар ҳақиқат, занони тоҷик дар ҳама давру замон пешбарандагони фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва арзишҳои ахлоқӣ будаанд. Имрӯз низ онҳо метавонанд, дар муаррифии фарҳанги миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа нақши боз ҳам фаъолтар дошта бошанд. Махсусан, фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир қобили таваҷҷуҳ мебошад. Бояд эътироф намуд, ки баъди ба вазифаи Раиси Кумита таъйин гардидани муҳтарам Файзиддинзода Бунафша фаъолияти сохтор дар бисёр самтҳо ҷоннок гардидааст. Ташаббусҳои нав, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои иҷтимоии занон ва оила, инчунин роҳандозии платформаҳои нави ҳамкорӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар фаъолияти Кумита мушоҳида мешаванд.

Маҳз, таъсиси Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» низ аз ҷумлаи ҳамин ташаббусҳои арзишманд ба ҳисоб меравад. Зеро ҷомеаи муосир ба майдонҳое ниёз дорад, ки дар онҳо афроди фаъол ва соҳибтаҷриба тавонанд, андешаҳои худро озодона баён намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷомеа пешниҳодҳои мушаххас ироа намоянд.

Метавон иброз дошт, ки аз иштирок дар ин ҷаласа бардошти бисёр мусбат ба даст омад. Дар фазои ҳамоиш руҳияи баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба хизмат ба ҷомеа эҳсос мегардид. Ҳар як андеша ва пешниҳод аз ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ сарчашма мегирифт.

Бо итминон метавон гуфт, ки Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» дар оянда ба яке аз сохторҳои бонуфузи ҷамъиятӣ табдил ёфта, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими оила, тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Имрӯз Тоҷикистон ба неруи созандаи занони худ ниёз дорад. Занони донишманду фаъол, модарони соҳибмаърифату ватандӯст ва бонувони ташаббускор метавонанд, дар бунёди ҷомеаи пешрафта нақши ҳалкунанда бозанд. Нахустин ҷаласаи Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» нишон дод, ки барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо ирода, имконият ва неруи кофӣ вуҷуд дорад. Акнун муҳим он аст, ки ин неру ба манфиати рушди давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли арзандаи Тоҷикистон самаранок сафарбар карда шавад.

Аҳрориён З.А.-муовини ректор оид ба тарбия, узви Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон»


09.06.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php