Шанбегии навбатӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳри тозаю озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе

Шанбегии навбатӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳри тозаю озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ рӯзи шанбе 11-уми сентябри соли 2021 дар минтақаи вобасташудаи шаҳри Душанбе ва донишгоҳ шанбегии дастаҷамъона гузарониданд.

Тибқи Нақшаи баргузории ҳашарҳои умуминоҳиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби 230 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ рӯзи шанбе, санаи 11-уми сентябри соли 2021 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.

Аз ҷониби донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар минтақаи ба донишгоҳ вобасташудаи хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то Саид Носир роҳравҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, гирду атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ аз баргҳои хушкшударехтаи дарахтону партовҳо тозаю озода карда шуданд ва партовҳо бароварда шуданд.

Ҳамчунин, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ дар донишгоҳ низ рӯзи шанбе, санаи 11-уми сентябри соли 2021 шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 700 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон иштирок карданд. Онҳо баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат ва сабзу хуррамгардонии муҳити таълим ва истиқомати шаҳрвандони шаҳри Душанбе, дар дохил ва саҳну гирду атрофи бинои асосии таълимию маъмурии донишгоҳ, Маҷмааи нави таълимии воқеъ дар шаҳраки Шифобахш, иншоотҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳ дастаҷамъона ширкат варзиданд.

Дар шанбегӣ дохил, саҳн ва гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, бинои асосии маъмурию таълимӣ, Маркази Фармасевтӣ, Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахш, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, хобгоҳҳои №1-7-и донишгоҳ ва муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишери Навоии воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе тозаю озода карда шуда, бехи дарахтону буттаҳо ва гулҳои садбарг нарм карда шуданд. Аз ҷониби кормандони хоҷагии донишгоҳ дохил ва саҳну гирду атрофи иншоотҳои донишгоҳ дезинфексия карда шуд.

Роҳбарият, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки саҳми арзишманди хешро дар тозаю озода нигоҳ доштан ва гулгулшукуфоии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе гузоранд ва ҳашарҳои дастаҷамъонаю шанбегиҳо ҳар ҳафта пайваста давом дода мешаванд.

  

Хадамоти ректор


16
15
14
13
12
11
10
09
08
07
06
05
04
03
02
01
11.09.2021 52