СЕМИНАР ОИД БА COVID-19

СЕМИНАР   ОИД  БА COVID-19
Дар маҷмааи “Шифобахш”-и толори бинои нави МДТ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино бо иштироки роҳбарияти ҳизби халқи демократии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фурқат Муродзода семенар баргузор гардид. Дар семенар профессорон, аз ҷумла, мудири кафедраи физикаи тибби бо асосҳои технологияи иттилоотӣ д.и.т.професор Шематов Э. С, мудири кафедраи Эпидемиология д.и.т. профессор Одинаев Н,С,, мудири кафедраи Микробиология ва вирусология д.и.т.профессор Сатторов С.С., мудири кафедраи Бемориҳои сирояти д.и.т.профессор Ҳусейнов О Ҳ дар мавзӯи “Пандемияи коронавирус COVID-19ва пешгирии он”иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид,ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бо назардошти суръати паҳншавӣ бемории Covid – 2019- ро пандемия эълон кард.
Пандемия (аз юнони pandemia- оммаи халқ) эпидемияе, ки боиси сирояти васеи аҳолӣ, гурӯҳи мамлакатҳо ва пайдо шудани вирусҳои нав ё бемориҳои сироятие, ки бо сабаби набудани масунияти аҳолӣ ба амал омада, боиси фавти зиёди инсонҳо мегардад. Пандемия вақте пайдо мешавад, ки беморӣ дар ҷаҳон зуд паҳн мешавад ва аксарияти мардум аз он эмин нестанд. Манбаи касалии гузаранда шахси бемор ё шахси солими паҳнкунандаи беморӣ буда, ба муҳити атроф микроорганизмҳо ҷудо мекунад, ки ба воситаи ҳаво ҳангоми атсазанӣ, сулфидан, истифодаи ашёҳои умумӣ, бо маҳсулоти хӯрокӣ ва об, бо даст салом кардан, бӯсидани якдигар ба организми одамони сиҳат роҳ меёбанд. Агар одамон иммунитет паст дошта бошанд, бемории сирояткунанадаи оммавӣ – эпидемия сар мезанад. Дар бисёр ҳолатҳо иммунитет ва тарзи дурусти рафтори бемор ба шахс дар бартараф кардани бемориҳо кӯмак мекунад ва коронавирус низ истисно нест. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои серодам, ҷои дарсомӯзӣ, нақлиёт, ҳаргуна чорабиниҳо аз ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра истифода бурдан лозим аст. Аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан лозим. Дастатонро бо собун ва об шӯед. Аз дастфишорӣ ва рӯй бусӣ худдорӣ кунед. Ба дараҷаи кофӣ оби ҷӯш ва ҷӯшонидашуда нӯшед. Одамоне, ки гирифтори табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар ва мушакҳо ҳастанд ба мутахассисони тиб муроҷиат намоянд. Реҷаи хонаро риоя кардани бемор ҳатмист, зеро вусъати минбаъдаи ангезандаҳоро пешгирӣ мекунад.
. Дар кишварҳои ҳамсояи мо бо омилҳои гуногун ин вирус ворид ва зуд паҳн гардид, ки шумораи гирифторони ин маризӣ дар Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон низ ҳоло рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ расман хабар дода шуд, ки ин беморӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба хотири пешгирӣ аз ин офат ва оқибатҳои хатарноки он чораҳои амалӣ андешида истодаанд ва сарҳадоти худро баста, парвози ҳавопаймоҳоро ба кишварҳои дигар муваққатан қатъ намудааст.
Бар иловаи ин, бе таҳлука ва ором зистан низ яке аз шартҳои дигари муҳим барои ҳифзи саломатӣ дониста мешавад. Дар охир аз ҷониби ҳизб шахсони арзанда бо ифтихорномаи қадрдонӣ шуданд.
Сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни СиноТаибов С.А.

СЕМИНАР ОИД БА COVID-19
СЕМИНАР ОИД БА COVID-19
СЕМИНАР ОИД БА COVID-19
СЕМИНАР ОИД БА COVID-19
20.04.2020 401