Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолии «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ

Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолии «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ

Рӯзи 14 апрели соли 2021 санҷиши амалииӣ таҷрибаомӯзии истеҳсолии дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникӣ) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ оғоз ёфт. Ҳамарӯза аз соати 8:00 устодони кафедраҳои клиникӣ чорнафарӣ дар ҳар шаш ҳуҷраи таълимӣ (инстанция) - акушерӣ ва гинекология, бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои сироятӣ, анестезиология ва реаниматология – санҷишро қабул мекунанд. Донишҷӯёни курси 6-ум чорнафарӣ бо навбат аз ҳар як инстанция мегузаранд. Дар ҳар як ҳуҷраи таълимӣ бо истифодабарии маникенҳову муляжҳо дар давоми даҳ дақиқа онҳо бо роҳи ҳали масъалаҳои ситуатсионӣ аз фанҳои зикршуда малакаю маҳорати худро нишон медиҳанд. Рафти санҷиш мувофиқи стандартҳои байнамиллалӣ ҷараён мегирад.

Раиси комиссия, проректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К., проректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т., муовини раиси комиссия, сардори шуъбаи методӣ, н.и.т. Исоева М.Б., декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Ҳоҷаева Н.М., сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, н.и.т., Матинов Ш.Қ., муовини декани факултети тиббӣ Раҳимова Д.С. ҳамарӯза аз рафти санҷиш назорат мебаранд. Кормандони шуъбаи таҷрибаомӯзӣ низ дар рафти санҷиш иштироки фаъол доранд.

То имрӯз гурӯҳҳои №1-22 аз санҷиш гузаштанд. Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE то рӯзи 20 апрели соли 2021 идома дошта, рӯзи 21 апрели соли 2021 барои донишҷӯёни қарздор давраи такроран супоридани имтиҳотҳо оғоз мешавад.

Директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ  -  Усмонов Ҷ.Н.


5
4
3
2
1
15.04.2021 72