Саҳми кормандону донишҷӯёни донишгоҳ дар маъракаи хунсупорӣ

Саҳми кормандону донишҷӯёни донишгоҳ дар маъракаи хунсупорӣ
Хун ва ҷузъҳои таркибии он дар табобати беморони гуногун хеле васеъ ва самарабахш истифода мешаванд. Дар қатори донорҳои касбӣ ҳамасола теъдоди зиёди хоҳишмандон низ ба сифати донори хун дар чорабинию маъракаҳои хунсупорӣ фаълона иштирок менамоянд. Хунсупорӣ барои ашхоси солим аз як тараф барои саломатиашон таъсири мусбат дошта бошад, аз тарафи дигар як кори хайру савоб низ мебошад. Дар ин раванд бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои март-апрел дар ҳамаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва таълимӣ дар доираи чорабиниҳои алоқаманд ба «Рӯзи умумиҷаҳонии донории хун» маъракаи хунсупории беподош баргузор гардид. Дар донишгоҳи мо низ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» аз санаи 15 то 22-уми моҳи апрели соли ҷорӣ маъракаи хунсупории беподош гузаронида шуд. Дар чорабинии зикршуда аъзои раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён, интернаҳо, ординаторони клиникӣ, аспиранту докторантҳо, кормандони бахши хоҷагидорӣ, омӯзгорон ва шунавандагони Маркази омодагии қаблӣ, шуъбаҳо ва марказҳои донишгоҳ фаъолона ширкат варзиданд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 780 нафар хун супорида, саҳми арзандаи худро дар чорабинии муҳим гузоштанд.
Муовинати корҳои муолиҷавӣ

27.04.2020 349