Саҳмгузории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар тозаю озода ва зебову дилфиреб гардонидани шаҳри Душанбе

Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзи 05.06 соли 2021 дар ҳашари умиминоҳиявии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок карда, дар минтақаи вобасташудаи шаҳри Душанбе ва донишгоҳ шанбегии дастҷамъона гузарониданд.
Мутобиқи Нақшаи баргузории ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбеи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 5-уми июни соли 2021 218 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар минтақаи вобасташудаи хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар тоза кардани ҷӯйборҳо, гирду атрофи биноҳои баландошёна, тоза намудани шоху навдаҳои дарахтон ва баровардани партовҳо саҳм гузоштанд.
Ҳамзамон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ низ шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 700 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон иштирок намуда, дохил ва гирду атрофи биноҳои таълимию маъмурӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ, роҳравҳо, ҷуйборҳо, истгоҳҳои назди иншоотҳои донишгоҳии хиёбонҳои Рӯдакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфони воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синоро тозаю озода карданд.
Ҳамчунин, айваста ҳамаруза кормандони бахши хоҷагидории донишгоҳ бо меҳнати софдилонаи худ саҳну гирду атрофи биноҳо, роҳравҳо, гулгаштҳои дохили донишгоҳ ва ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонии назди донишгоҳро, дар маҷмуъ гирду атрофи ҳамаи иншоотҳои донишгоҳро, ки гушае аз Пойтахти азизамон мебошад, тозаю озода мегардонанд ва дар зебову покиза гаштани шаҳри Душанбе саҳмгузорӣ менамоянд.
Хадамоти ректор

05.06.2021 50