С.С.Қурбонов- «Профессори фахрии Донишгоҳи тиббии Бухоро»

С.С.Қурбонов- «Профессори фахрии Донишгоҳи тиббии Бухоро»

Рӯзҳои 10-13 апрел дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Ҳолати имрӯзаи мушкилот ва дурнамои таҳсилоти тиббӣ» Конфронси илмӣ амалӣ бо иштироки байналмилӣ баргузор гашт, ки дар он ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро профессори кафедраи анатомияи одам С.С.Қурбонов намояндагӣ намуд.

Боиси хушнудист, ки профессори тоҷик барои саҳми арзандааш дар таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимии ду муассисаи олии таҳсилоти олии тиббӣ бо унвони «Профессори фахрии ДДТБ» сарфароз гардонида шуд. Ректори донишгоҳи мазкур Амрулло Шодиевич Иноятов зимни супоридани шаҳодатнома, ҳамкориҳои мутақобилаи ду донишгоҳро давоми солҳои охир ба таври шоиста арзёбӣ намуда, саҳми олими тоҷик С.С.Қурбоновро дар таҳкими ин муносибатҳои ҳасана ба таври назаррас ёдовар шуд.

Хотиррасон мекунем, ки профессор С.С. Қурбонов пештар барои саҳми арзандааш дар таҳкими ҳамкориҳои дутарафа бо унвони «Профессори фахрии ДДТҚ» ба номи Асфендиёрови Қазоқистон сарфароз гардонида шуда буд.

Нашрияи Ворисони Сино



06.05.2019     76