Роғун - амалишавии ормонҳо

Роғун - амалишавии ормонҳо

Тоҷикистонам чароғон мешавад,

Манбаи нури фаровон мешавад.

Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо,

Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад!

 

      Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик воқеаҳои бузургеро паси сар намудааст. Вале бузургтарин дастоварди ҳар миллат ин ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аст. Дар ин радиф 16 ноябри соли 1992  дар таърихи миллатамон  бо ҳарфҳои зарҳалӣ сабт гаштааст. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид ва роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.

       Аз ҳамин рӯзи сарнавиштсоз сар карда асолати миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ дар байни мардум хеле боло рафт, бунёдкорию созандагӣ авҷ гирифт.

      Бо назардошти мушкилотҳои ҷойдошта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии рушдро таҳия намуда, 3 ҳадафи асосиро муайян намуд, ки бевосита баҳри беҳтар намудани некӯаҳволӣ ва зиндагии арзандаву шоистаи аҳолии кишвар заминаи асосӣ мебошад. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъминоти озуқаворӣ ва истиқлолияти барқӣ муҳтавои асосии ҳадафҳои Стратегияи мазкур маҳсуб меёбад.

    Хушбахтона, имрӯз мо бо иродаи қавӣ ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба ин ҳадафҳои стратегӣ расидем. Тоҷикистоне, ки бо иқтисодиёти шикаста дар бунбасти коммуникатсиониву зулмот афтода буд, имрӯз ба Тоҷикистони фазояш осоиштаву хонадони ҳар фардаш мунаввар, пойтахти тоҷикони сайёра ва меҳани афсонавии амалишавии орзӯҳо мубаддал гардидааст.

       Инак, рӯзи 16 ноябри соли 2018 барои миллати сарбаланди мо боз як навиди пуршукуҳеро ҳадя месозад. Дар ин рӯзи таърихӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чархаи якуми нерӯгоҳи барқии обии Роғун ба фаъолият оғоз менамояд, ки он аз марҳилаи нави ободкориҳо ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар дарак медиҳад.

         Имрӯз Роғун майдони нангу ор ва номуси миллӣ, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гардидааст. 

       Иншооти  Роғун ҳамчун Нерӯгоҳи барқӣ-обӣ на танҳо барои миллат нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато хоҳад фармуд. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гаронарзиш  баробари ба анҷом расидану қад афрохтан нур, сафо ва шодиву нишот ҳувайдо мегардонад.     

       Умедворем ин иншооти аср дари бахту саодатро ба мардуми кишвар кушода, омили пешрафти Ватан ва хушбахтии сокинони диёр мегардад. Минбаъд тавассути ба кор андохтани ин иншооти бузург кишвари мо метавонад чун  мулки доро ва кишвари ормонҳо рушду нумӯ кунад.

        Бигзор гардиши Чархаи якуми Нерӯгоҳи Роғун ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ шодию нишот, хушбахтию некномӣ ва баракати кору рӯзгорро арзонӣ гардонад!.

        Рӯзи Президент ва оғози фаъолияти иншооти бузургтарини аср муборак ҳамватанони азиз!

 

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,  д.и.т., профессор

 


15.11.2018 130