Паёми Пешвои миллат – мазҳари худшиносӣ ва ифтихори миллӣ

Паёми Пешвои миллат – мазҳари худшиносӣ ва ифтихори миллӣ

Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд.

                                                                               

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 28 январи соли равон дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 вобаста ба паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар семинар-машварат баргузор гардид. Дар он ҳайати кафедра профессорон, номзадҳои илм ва омӯзгорон иштирок намуданд. Доир ба паёми мазкур мудири кафедра н.и.т., Қоимдодова Б.Қ. ва масъули корҳои тарбиявии кафедра Абдураҳмонова Г.С. маърӯза пешниҳод ва баъдан муҳокимаи онро баррасӣ намуданд. Чунончи қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кишвари нуру зиё, махзани сулҳу салоҳ, ҷойгоҳи илму маърифат аст. Бо Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал рукнҳои давлатдориро устувор ва мустаҳкам намуда, сипас баҳри таҳкими ҳувияти миллӣ ва шакл гирифтани андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ, дар зеҳни наврасону ҷавонон дар ҳар маърӯзаю мулоқот гузаштаи пуршебу фарози миллатро ёдрас намуда, аз корномаҳои дурахшони фарзандони вафодору ватандӯсти халқи худ ҳарчи бештар огоҳ намуда, дар зеҳни насли имрӯз худшиносиву худогоҳӣ ва дар замири ҳар як сокини он меҳри обу хоку сарзамин ва самимона дӯст доштани ватанро ҷой додаанд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21 – уми декабр баргузор гардид, ба тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеа, алалхусус соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ба фаъолияти дастаҷамъонаи тамоми қишрҳои ҷомеа таъкидҳо ба амал оварданд. Аз он ҷумла чунин иброз доштанд: «Барои он ки Истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем».

Воқеан, дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон роҳи рушди худро на ба сӯйи гузаштаи асримиёнагӣ, балки бо азму иродаи қавӣ ва ҳадафҳои созанда дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт ва миллати мутамаддину маънавиётпарасти тоҷик боз ба иқболи нав ноил гашта, аз сардиву торикиҳо ба гармиву рушноиҳо расиданд. Имрӯз дар даврони Истиқлолият нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба сифати бунёдгоҳи тафаккури созандаву солим ва асоси худогоҳии миллӣ, ба ҳайси таҳкурсии рушди инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодию техникии мамлакат хеле афзудааст.

Тағйиротҳои куллии сиёсиву иқтисодӣ, ки дар ҷаҳони муосири имрӯза ба вуҷуд меоянд, бешак дигар кишварҳои олам аз он дар канор нестанд. Зеро бо пешрафти илму технология, ки бо суръати хеле тез дастрас мегардад, таъсири раванди ҷаҳонишавиро наздик мегардонад. Имрӯз ҳеҷ ҷомеа ва ё кишваре нест, ки аз таъсири ин раванд дар канор бошад. Ҳукумати соҳибистиқлоламон бо сарварии Пешвои миллат, ҷиҳати бартараф намудани таъсири манфии ин ҷанба чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Бо такя ба ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро мебояд, ки пеш аз ҳама худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафтагардонии сарзамини аҷдодӣ даъват намоем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои давлату ҷамъият гирем, воло будани манфиатҳои давлату ҷамъиятро пайваста эҳсос намуда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем.

Абдураҳмонова Г.С.-масъули корҳои тарбиявии 

кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2



29.01.2022 50