Парчамат бодо парафшон кишварам

Парчамат бодо парафшон кишварам

Парчами давлатии Тоҷикистон ин рамзи соҳибистиқлоли кишвар, дӯстиву бародарии ҳар як халқу миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва мустаҳкамии ваҳдати миллии давлатамон сафарбар менамояд.

Таҷлили ҷашни Парчами миллӣ ҳамасола дар санаи 24-уми ноябр ба ҳукми анъана даромадааст.

Аз ин лиҳоз, ба муносибати ин санаи муборак рӯзи 23-юми ноябри соли равон дар Боғи зимистонаи Маҷмааи таълимии шаҳраки «Шифобахш» ҷамъомади тантанавии хотирмоне баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии ҶТ аз ҷониби аҳли нишаст оғоз гардид.

Сипас, Паёми табрикотии Раёсати донишгоҳ аз тарафи Муовини аввали ректор оид ба таълим, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа пешкаши аҳли нишаст гардид.

Бо даъвати ровиён сухан ба мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ д.и.ф. профессор Саидов А.С. дода шуд. Абдуманон Сатторович дар мавзӯи «Парчам-рамзи давлати соҳибистиқлол» баромади пурмуҳтавоеро роҷеъ ба парчаму парчамдории халқи тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим то ба имрӯз баррасӣ намуда, бо ифтихори ватандорӣ таъкид сохт, ки тоҷикон дар ҳама давру замон новобаста аз вазъи сиёсӣ парчами миллии худро муҳофизат намудаанд. Ва мо насли имрӯзи ин миллати бофарҳанг бояд давомдиҳандаи ин кори ниёгонамон бошем.

Сипас, муаллимаи калони кафедраи забони тоҷикӣ-Маҷидова Баҳриннисо дар мавзӯи “Вожаи парчам ва муродифоти он дар забони тоҷикӣ” маърӯзахонӣ намуда, диққати аҳли нишастро ба вожаҳои забонии парчам дар ҳама давру замон ҷалб сохт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои боз ҳам хотирмон гузаронидани ин чорабинӣ атрофи ҷашнгоҳ бо парчамҳои кишварамон оро дода шуда буд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Китобхонаи илмии донишгоҳ ҳамоиши китобҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири мавзӯъҳои ватандӯстию ва ватандорӣ мебошанд, ба маърази ҷамъомадагон гузошта шуд.

Чорабинӣ аз ҷониби шабакаҳои телевизионии “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” ба пуррагӣ сабт гардида, ба намоиш гузоштани он фардо, яъне   дар Рӯзи парчами миллӣ дар назар аст.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи “Шифо” ва қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ, ки саропо мавзӯъҳои парчаму парчамдорӣ ва ватандӯстию хештаншиносиро фаро мегирифт, ба чорабинӣ фазои идона бахшид ва аз ҷониби аҳли толор хуш пазирӯфта шуд.

 

 Файзов Э.М., сардори Шуъбаи   тарбия ва фарҳанг  


Парчамат бодо парафшон кишварам
Парчамат бодо парафшон кишварам
Парчамат бодо парафшон кишварам
23.11.2019 406