Олимпиада миёни донишҷӯёни муассисаҳои тахсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Олимпиада миёни донишҷӯёни муассисаҳои тахсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 дар шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санаи 28-29 майи соли ҷорӣ олимпиада миёни донишҷӯёни муассисаҳои тахсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикисттон зери унвони “Дониш талабу бузурги омӯз” баргузор гардид.

Дар баробари 366 нафар донишҷӯёни дигар муассисаҳои тахсилоти олии касбии кишвар, дар ин олимпиада 12 нафар донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок намуданд. Дар ин олимпиада донишҷӯён аз рӯи 13 фанни таълимӣ, сабқат намуданд.

Дар олимпиадаи мазкур 12 нафар донишҷӯёнро бо ҳамроҳии омӯзгорони кафедраҳое, ки онҳоро ба олимпиада омода намуданд, иштирок карданд.

Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки донишҷӯёни мо ба ин олимпиада омодагии ҳамаҷониба дида, ба натиҷаҳои хуб ноил гаштанд. Донишҷӯён 6 ҷойи ифтихорӣ ва 3 ифтихорномаро сазовор гаштанд.

Барои ба даст овардани муваффақият саҳми омӯзгорон хело назаррас буд.

Муовини ректор оид ба корҳои таълимию

методӣ д.и.т., профессор  -  Ибодзода С.Т.


3
2
1
31.05.2021 71