“Оби тоза омили пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ”

“Оби тоза омили пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ”

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 дар мавзӯӣ “Оби тоза омили пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ” чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ гузаронида шуд, ки дар он мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., Қобилова Б.Ҳ, муаллимони калон Умаров Ҳ.У, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Махмудова М.М. Алишерова Н.А Бақоев Ф.С Наврузқулова Ш.Ф ва ординаторону интерна, инчунин донишҷӯёни бахши 4 ФТ (гурӯҳҳои 63,64,65,66,67,68 ва 69). Дар аввали ин чорабинӣ ассистенти кафедра Наврузкулова Ш.Ф. қайд намуданд, ки “Об беҳтарин муҷизаи табиат буда, ҳастии ҳаётии нсонро ташкил медиҳад. Дар 80 давлати дунё оби нӯшокӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза нест. Ин боиси камумрии одамони ин давлатҳо шуда метавонад, чунки экология, муҳит ва тозагии об ин синтези экологияи муосир мебошад. Ба зиёда аз 1, 2 млрд. аҳолии ҷаҳон хушксолӣ таҳдид мекунад. Аксарияти сокинони сайёра аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва хушксолии пай дар пай ба касалиҳои гуногун дучор мешаванд ва ин боиси фавти онҳо мегардад. Роҳбаридавлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҷаҳонишавӣ зуҳуроти муаммоҳои экологиро хеле нозукона эҳсос намуда, дар Ассамблеяи Созмони Милалтмуттаҳид як зумра пешниҳодҳоро ба миён гузошта буданд. Пешвои Миллат дар Паёми хеш низ ба мақоми олии қонунбарори кишвар чанд сол пеш таъкид намуда буданд, ки “..Мо ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳоро бе об намемонем”. Чунин ташаббусҳо ва суханони хайрихоҳона нисбати ҳамсоякишварҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад, ки тоҷикон бофарҳанг, тамаддун ва хиради азалии ориёии хеш бунёдкору созанда буданд ва минбаъд низ хоҳанд монд.

Сипас донишҷӯёни курси 4ФТ гурӯҳи 67 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯ Султонова Фарзона бо презентасия баромад намуда, гуфт, ки “Аз рӯи натиҷаҳои илми тиб беобшавии организм кӯдаконро ба касалии сироятии дарунравию беобшавӣ оварда мерасонад. Барангезандаи ин беморӣ дар рӯда афзоиш ёфта, бо аломатҳои заҳролудшавӣ ва дарунравӣ сурат мегирад. Баландшавии ҳарорати бадан, гум шудани иштиҳо, беҳолӣ, бемадорӣ, инҷиқӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ аз нишонаҳои ин беморӣ маҳсуб меёбанд. Нишонаҳои асосии беморӣ камобшавии бадан, чашмони чуқуррафта, ки баъзан коҳида низ мегӯянд, мебошад. Танҳо як бемории сироятӣ аз камобшавӣ дар бадан чи қадар нишонаҳои марговарро дар кӯдакон нишон медиҳад”.

Дар муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

 

Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.


08.10.2021 25