Нодиртарин маъхази илму дониш

Нодиртарин маъхази илму дониш

«Китоб инсонро ба қуллаи мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд мебардорад, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад».

Э.Раҳмон

Пас аз соҳибистиклол гардидани Тоҷикистон сиёсати фарҳангии давлат ба мустаҳкам намудани пояҳои маънавии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмии ҳамаи миллатҳо ва халкиятҳо-шаҳрвандони Тоҷикистон барои истифодабарӣ аз хазина ва хадамоти китобхонаҳо равона карда шудааст. Вазифаи асосии китобхонаҳо дар шароити нави рушди иҷтимоию иктисодии Тоҷикистон кӯмак расонидан ба тарбияи ҳуқуқӣ, маънавӣ, ахлокӣ, гуманистӣ, ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва касбии онҳо мебошад.      

Ниёгони барӯманди халқи тоҷик китобро «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳои»-ву фурӯғи субҳи доноӣ хондаанд. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост,махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дури гаронбаҳоест, кӣ маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад.

Имрӯз симо ва эътибори китобхонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз бисёр ҷиҳат ба таҳкими заминаи моддию техникии он, намуди шоистаи берунӣ, мавҷудияти техника ва таҷҳизоти технологияи ҳозиразамон, ороиши дохили бино сифати ороиши китобхона, савияи асбобу анҷом ва маводи истифодашаванда, системаи коммуникатсионӣ,фароҳамоварии шароити бофароғату боҳаловат барои хонандагон вобаста аст

Фонди умумии китобхонаи Донишгоҳ то 1-октябри соли 2020 – 680178- нусхаро ташкил медиҳад, ки   аз он   (73,16%) нусха адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 249510- 26,84% захираҳои электронӣ мебошанд.

Китобхона ягона маъхази тахасусуси тиббист, ки бидуни танаффус ё таваққуф пайваста дарҳои худро ба рӯи хонандагонаш боз нигоҳ медорад. Бояд қайд намуд, ки соҳиби китобхона -Донишгоҳи тиббӣ якумин таълимгоҳи олии Тоҷикистон аст, ки мутахассисони соҳаи тибро тайёр мекунад, дар сурате, ки аз рӯи ихтисосҳои муайян кадрҳо якбора дар чанд мактаби олӣ омодагӣ мебинанд.

Китобхонаи донишгоҳ дар қатори намоёнтарин китобхонаҳои донишгоҳҳо қарор дошта, аз лиҳози фондҳои мавҷуда беҳтарин ва калонтарин китобхонаи тахассусӣ ба шумор меравад. Аз соли таъсиси Донишкадаи тиббӣ (1939) фаъолият карда, ба ташаккули анъанаҳои хоссаи китобдории худ муваффақ гаштааст. Таи солҳои дароз маҳсули зиёди нашриётиро дастраси хонандагони адабиёти тиббӣ дар Тоҷикистон ва хориҷи он гардонидааст, дастоварду китобҳои тибби муосири тоҷикро тарѓибгари асосӣ буду ҳаст.

Фаъолияти китобхонаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” тибқи моддаи 1-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ » ба роҳ монда шуда, ба хизматрасонии пурра ва самараноки китобхонавӣ ва иттилоотӣ-библиографии донишҷӯён, аспирантон, муаллимон ва дигар табақаҳои истифодабарандагони китобхона мувофиқи талаботҳои иттилоотии онҳо равона карда шуда, вазифаҳои аввалиндараҷа ин: ташаккули захираи китобӣ аз рӯи ихтисосҳои донишгоҳ, таъминоти ҷараёни хониш бо адабиёти таълимӣ ва илмӣ, ташкили системаи таъминоти иттилоотӣ, васеъ намудани доираи хизматрасонии китобхонавӣ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии китобхона мебошад.

Алалхусус, фаъолияти кормандони китобхона баҳри таъйинот ва қабули адабиёти нав, воридоти маълумот ба феҳристи электронӣ,ба роҳ мондани фаъолияти портали китобхонаи илмӣ, баҳри чалб намудани хонандагон ба китобхона, гузаронидани намоишҳои сайёри китобҳои нав, чорабиниҳо оиди имкониятҳои имрӯзаи китобхона, нашри бюллетени адабиёти нав, буклетҳои мавзӯи оид ба захираҳои тиббии Интернет, дастурҳои библиографӣ, тоза намудани фонди китобхона аз адабиётҳои фарсуда ва мазмунан кӯҳнашуда, гузаронидани чорабиниҳо ба монанди: «Ҳаёти шахсони наҷиб», намоишҳои мавзӯъии адабиёт, намоиши адабиёти нав, хулосаҳои библиографӣ, , равона карда шудаанд.

Китобхонаи донишгоҳ иборат аз 4 шӯъба ва 8 бахш мебошад:

·        Бахши пуррагардонӣ ва коркарди адабиёт;

·        Бахши маълумотдиҳӣ-библиографӣ;

·        Бахши автоматикунонӣ бо зербахшҳои:

 -  Толори электронӣ (бо 88 ҷои нишаст)   

 -  Медиатека (бо 25 ҷои нишаст);

·       Бахши хизматрасонӣ бо зербахшҳо:

 -  Нигаҳдории фонд,

 -  Абонемент,

 -  Толорҳои хониши №1 (112ҷ/н), №2(34ҷ/н), №3(80ҷ/н), №4(40ҷ/н)

 -  Филиалҳои толори хониш дар назди: Китобхонаи миллӣ, Маркази иттилооти доруворӣ, МТА ва ИС, инчунин китобхонаҳои кафедравӣ дар пойгоҳҳои клиникӣ, кафедраи: акушерӣ ва гинекологии №1, асабшиносӣ, бемориҳои дарунии №2, бемориҳои кудаконаи №1, бемориҳои сироятии кудакона, бемориҳои ҷарроҳии №1, дерматовенерология, психиатрия, ТАБД, тибби оилавии №1,2, тибби судӣ,фтизиатрия, эндокринология ва ҷомеашиносӣ.

Вазифахои асосии шуъбаҳо - хизматрасонии китобхонавӣ-библиографӣ ба истифодабарандагон дар абонемент ва толорҳои хониш, обунаи онҳо, хизматрасонӣ тариқи абонементи байникитобхонавӣ (АБК), назорати иҷроиши талаботи хонандагон ба адабиёт буда, бозгардонии китобҳо аз тарафи хонандагонро ташкил менамояд.

Сохтори бахши хизматрасонӣ аз 3 толори хониш, абонемент ва бахши нигаҳдорӣ, толорҳои хониш дар назди кафедраҳо (16 кафедра),маркази иттилооти доруворӣ, Толори тиб ва табиатшиносии Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, толори МТА ва ИС,   иборат аст.

Дар бахши хизматрасонии китобхона шумораи умумии хонандагоне, ки ба онҳо дар давоми сол хизмат расонида шудааст назар ба соли 2019 (12116) зиёд шуда, шумораи он дар 10.10.2020 ба 12711 нафар расидааст.   

То 10.10.с 2020 додугирифти адабиёт -368538 нусха ва омадурафти хонандагон 261521 ададро ташкил кардааст, ки назар ба 10 моҳи с.2019 – ин нишондодҳо (с.2019-шумораи додугирифт-295200 ва омадурафт -233694) -1 маротиба зиёд шудаанд.

Китобхонаи электронии (КЭ) ДДТТ –системаи иттилоотиест, ки ташкил ва нигаҳдории ҳуҷҷатҳоро дар намуди электронӣ таъмин намуда, имконияти аз тариқи шабакаҳои коммуникатсионӣ дастрас намудани онро фароҳам месозад. КЭ дар асоси Низомномаи китобхона ба роҳ монда шудааст.

Китобхонаи электронии №1,2 дар давоми сол давомоти толорҳои электронӣ 42090 ададро ташкил кардааст ва зиёда аз 16575 маълумот ба флеш интиқол шудааст. Истифодабарандагони КЭ аз шабакаи Интернет, портали китобхона /sinolib.tj ва пойгоҳҳои маълумот истифода мебаранд.

Соли ҷорӣ фонди китобхонаи электронӣ зиёд карда шуда, теъдоди он ба 249676 захира расидааст, ки ин нисбат ба соли 2019 (244626)- 2050 адад зиёд буда, 33% фонди умумии китобхонаро ташкил медиҳад. Дар як соли охир хонандагони китобхонаи илмии донишгоҳ бо 368538 нусха нашрияҳои чопӣ ва электронӣ шинос шуданд. Барои хонандагони китобхона имкониятҳои нави дастрасии адабиёт тариқи толори Медиатека, китобхонаи илми ва LMS, рафи адабиёти бадеӣ, истифода аз пойгоҳҳои нави маълумотии Китобхонаи марказии илми-тиббии ФР,   «Hinari», «ARDI», “Толори тиб ва табиатшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ, ПМ “Консультант студента” нишондиҳанда, варақаҳои иттилоотӣ, рӯихати мавзӯӣ ва дастурҳои библиографӣ, пешниҳод карда шуд. Таҳлили додугирифти адабиёт ва таркиби адабиёти нави воридгардида шоҳиди он аст, ки талаботи хонанадгон қонеъ гардонида шуда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутуни илмҳои дунеро китоб номида, дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо борҳо изҳори назар кардаанд.

Оре, китоб калиди хазинаи илму маърифат буда,таҷрибаю дониши донотарини доноенро дар бар мегирад. Китоб аҳамияти бузурги тарбиявию ахлокиро дорост. Китобдорӣ аз касбҳои пуршараф буда, танҳо шахсони бофарҳангу илмдуст ин пешаро интихоб мекунанд, ҳаётро бе дониш, ки аз китоб сарчашма мегирад,тассаввур кардан мумкин нест. Китоб барои мо дусти бовафо, маслиҳатгари беминат, рафики беғараз хамдаму хамсухбати мувофиқ ва ниҳоят сарвати бебаҳо аст.Китобхонӣ чузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад.

Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ .заковат ва маърифатнокии худ дар ҷахони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. Китоб ганҷ, манбаи дониш, дуст, ҳамсуҳбат ва раҳнамои кас мебошад. Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин мукаддасот ба ҳисоб меравад. Он ба одам таассуроти амиқ бахшида чаҳонбиниашро бой мегардонад.

Инсон метавонад бо сабабҳои гуногун ҷаҳонро сайр карда натавонад. Агар вай бисёр мутолиа кунаду китобро аз дилу чон дуст дорад,бузурги дар пеши чашми у кушода мешавад . ҳар як шахс ба воситаи хондан донишро афзун мегардонад, ҳиссиёти хубашро сайкал медиҳад. Чунонеки гул аз гулзор , сабзаву лола аз куҳсор ,об аз чуйбор кабку товус аз маргзор чуста мешаванд, гавҳари дониш аз китоб ба даст меояд. Китоби хуб устоди беминат аст, мо ба ҳифз кардани китобҳои кадимаву ҳозира илму фарҳанги Тоҷикистонро азиз медорем. ҳар як китоб ҳамчун хишти хубест дар пойдори ҳаёти оянда.

Шахс аз китобҳои хондааш дарси одобу ахлок омухта барои хубтару хуштар гузаронидани умр камари ҳиммат мебандад, накукору покахлоқ ва ватандуст тарбия ёфта ба камол мерасад. Аз ин ру бояд чавонон ба кадри китоб бирасанд, вақти пуркимати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда бештар китоб хонанд,то дар зиндаги душворие садди рохи онхо нагардад. Ба акидаи устод Рӯдакӣ,одам худ аз худ хирадманд намешавад . Барои он ки шахс хирадманд гардад, пеш аз ҳама, бояд илму дониш омузад.

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавони рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Хуллас, кормандони китобхонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» барои ба хонандагон дастрас намудани адабиётҳои зарурӣ саъю кӯшиши худро дареғ надошта, баҳри гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз, пешрафти ҷомеъа ва баланд бардоштани сатҳи донишомузии ҷавонону маърифатнокии онҳо ҳиссагузор мебошанд.

С.Расулзода  -  директори китобхона, д.и.ф., профессор

 


03.12.2020 185