Нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи  Абӯалӣ ибни Сино

Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.07.2019, №26/10-172 ва нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2019 Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 30 июли соли 2019 оид ба ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма - Бузургмеҳри Баҳодур - рӯзномаи «Ҷумҳурият», Раҳимзода Усмон - рӯзномаи «Тоҷикистон», Назарзода Ворис – рӯзномаи «Садаи мардум», Эшонқулова Лутфия - рӯзномаи «Народная газета», Ҳотами Ҳомид - ҳафтаномаи «Омӯзгор», Саидов Т., Холмуродов Б. – рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Назаров С. - ҳафтаномаи «Варзиш-спорт», Маҳмадалив И. - рӯзномаи «Халқ овози», Мазиёев Маҳмадназар. - рӯзномаи «Ворисони Сино», Тӯйчизода Мутриба - маҷаллаи «Тоҷикистон», Насрулло Тӯйчизода - маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», Саидов Тоирҷон., Асомиддинова Холиса. - АМИТ «Ховар», Ҳомидов Қиёмиддин. - телевизиони «Душанбе», Давлатов Ҷумъахон - телевизиони «Баҳористон», Назаров С. - телевизиони «Синамо», Шарифова Фируза Расулова Зулайхо - радиои «Тоҷикистон», Миҷгонаи Насриддин, Давронзод Нигина, Насриддинова Гулнора - радиои «Садои Душанбе», Абдулвоҳидва Зарина – радиои «Овози тоҷик».

Нишасти матбуотиро  ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар нимсолаи якуми соли 2019 маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони он тамоми потенсиали худро баҳри иҷрои рисолати олии муассиса - таъмини таҳсилоти босифати муосир баҳри омодасозии мутахассисони кордону тавонои соҳаи тиббию фармасевтӣ равона менамоянд.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти донишгоҳро дар нисолаи якуми соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ намуда, бо боварии том метавон гуфт, ки Раёсати донишгоҳ дар кору фаъолияти худ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва солимгардонии ҷомеа аз ҳамаи имконотҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳад бурд, қайд намуд дар охир профессор Гулзода М.Қ. 

 Сипас, ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ. ба саволҳои зиёди намояндагони ВАО ҷавобҳои мушаххас гуфт.

 Дар охири нишасти матбуотӣ аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ - намояндагони васоити ахбори омма барои таваҷҷуҳи доимиашон ба раванди кору таҳсил дар донишгоҳ миннатдорӣ изҳор карда шуд.


1
2
3
01.08.2019     417