Навбатдории ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 дар хобгоҳи №5

Навбатдории ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 дар хобгоҳи №5

Санаи 27-уми сентябри соли 2021 ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 Ҷабборов Самариддин аз соати 18:00 то соати 20:00 дар хобгоҳи №5 навбатдор буд. Донишҷӯён баъд аз таҳсил ҳама дар хобгоҳ ҳозир буданд. Қисми зиёди донишҷӯён дар китобхонаи хобгоҳ ба тайёр намудани дарсҳои худ машғул буда, қисми дигарашон саргарми тайёр намудани хӯроки шом буданд.

Ҷабборов Самариддин бо донишҷӯён дар мавзуи “Забони тоҷикӣ - мероси модар” суҳбати гарму пурмуҳтаво баргузор сохт. Донишҷӯён мулоҳизаҳои худро доир мавзӯъ баён намуда, аз осори адибон шеърҳо қироат карданд.

Сипас оид ба одобу интизом, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳо ва тарзи дурусти либоспӯшӯ бо донишҷӯён суҳбат гузаронида шуд.

Дар вақти навбатдорӣ ягон қонунвайронкунӣ аз тарафи донишҷӯён дида нашуд.

 

Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С. 

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ Ҳотамова М.Н.

 


30.09.2021 44