Насли Сино- насли инсонпарварем!

Насли Сино- насли инсонпарварем!

Санаи 19.04.2021с дар кафедраи фармакология бахшида ба мавзӯи:

«Насли Сино - насли инсонпарварем!» бо иштироки донишҷӯёни гуруҳи 25-ум курси 3-ум факултети тиббӣ мизи мудаввар гузаронида шуд.

Донишҷӯёни гуруҳи 25-ум Раҷабова Насиба, Миралиева Гулноза ва Бердиева Дилноза оиди мавзуъ бо намоиши презентатсия баромад намуданд. Аввал Миралиева Гулноза дар маърузаи худ дар бораи тарҷумаи ҳоли табиб, файласуф Абӯалӣ ибни Сино ва асарҳои муҳими ӯ дар тиб маълумотҳои шавқовар пешниҳод намуд. Баъдан Бердиева Дилноза шеърҳои устодро қироат кард. Аз ҳама шавқовар Раҷабова Насиба оиди мавзуъ баромад намуда, филми ҳуҷҷатиро дар бораи табибон, оиди деонтологияи табибb, дониши мукаммал ва маърифати баланди касбӣ доштан намоиш дод. Инчунин, донишҷӯёнро барои пурра аз худ намудани фанҳои тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши худ, аҳамияти ҷиддӣ додан ба таълим, эҳтиром ба касби табибӣ ва фахр кардан, ки мо ворисони Сино мебошем даъват намуд.

Мизи мудаввар бо шунидани суруди табибон ба анҷом расид.


24.04.2021 26