Нақши ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар омода намудани кадрҳои салоҳиятнок ва мусоидат дар инкишофи иқтидори илмии соҳаи тандурустии Тоҷикистон!

Нақши ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар омода намудани кадрҳои салоҳиятнок ва мусоидат дар инкишофи иқтидори илмии соҳаи тандурустии Тоҷикистон!

МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар омода намудани муттахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмиву эҷодии худ боиси ифтихори давлату миллати тоҷик гардидааст. Захираи моддиву техникӣ, технологӣ ва кадрии донишгоҳ баҳри иҷрои рисолати худ таъмин буда, дорои биноҳои таълимӣ, маъмурӣ, озмоишгоҳҳо, хобгоҳҳо, майдончаи варзишӣ, биноҳои маишӣ ва ёрирасон мебошад. Дар донишгоҳ маводҳои таълимӣ таъмин буда, китобхонаи донишгоҳ донишҷӯёнро бо адабиёти таълимӣ пурра таъмин менамояд. Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ 740048 нусхаро ташкил медиҳад, ки 494928 нусхаи он адабиётҳои чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 245120 адад захираҳои электронӣ мебошанд. Дар донишгоҳ раванди таълим аз рӯйи 5 Стандарти ихтисоси таҳсилоти олии касбӣ ва 5 нақшаи таълимии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқкунонидашуда ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар донишгоҳ бо 3 забон – забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тибқи ихтисосҳои ҷойдошта 5 факултет: тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва кафедраҳо фаъолият мекунанд, ки таҳсил дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ дар кафедраҳо таъмин карда мешавад. Дар кафедраҳои донишгоҳ таҷҳизотҳои муосири раванди таълимӣ дастрас буда, кафедраҳо дорои озмоишгоҳҳои таълимиву илмӣ ва кабинетҳои фаннӣ мебошанд, инчунин, барои баргузор намудани дарсҳои амалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни Паёму вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бармеоянд, роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқотҳои илмӣ, корҳои муолиҷавию машваратӣ ва хоҷагидорӣ таваҷҷуҳи хоса менамояд. Ҳамин аст, ки бо назардошти ҷаҳонишавии таҳсилоти миллӣ, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилот “Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025” таҳия гардида, бо назардошти он дар самтҳои афзалиятнок корбарӣ мешавад.

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар таъмини таҳсилоти тиббию фармасевтӣ бо назардошти стандартҳои таҳсилоти милливу байналмилалӣ ҷиҳати омода намудани кадрҳои салоҳиятнок, ҷавобгӣ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва мусоидат дар инкишофи иқтидори илмии соҳаи тандурустии мамлакат тамоми талошҳоро ба роҳ монда, рисолати худро дар назди давлату миллат иҷро намуда истодааст.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


01.10.2021 36