МУНОСИБАТИ ЗАНОН БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

МУНОСИБАТИ ЗАНОН БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Тағйирёбии иқлим масъалаҳои олудашавии муҳити зист, оқибатҳои ифлосшавии он, мавқеи инсоният дар таъсирот, пешгирӣ намудан ва коҳиш додани тағйирёбии иқлим аз масъалаҳои муҳимме меборшанд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бе сабаб нест, ки дар ин маврид нишасту суҳбатҳо, конференсияву мулоқот ва баҳсҳои зиёде ба миён омада, стратегияву барнома ва тадбирҳои зиёде амалӣ карда мешавад.

Тағйирёбии иқлим ба ҳама таъсир мерасонад. Албатта, ин маънои онро надорад, ки ҳама ба он баробар осебпазиранд. Баъзе гурӯҳҳо нисбат ба дигарон осебпазиртаранд. Масалан, таъсири тағйирёбии иқлим ва қобилияти мутобиқшавӣ барои занону мардон якхела нест. Вобаста аз мавқеи ҷисмонӣ ва вазъи иҷтимоии занону мардон, шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои мушаххас қобилияти ҷудогона барои муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва ҳаводиси шадиди вобаста ба ҳаводиси иқлим бавуҷудомадаро доранд. Масалан, дар муқоиса бо мардон заноне, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд ва ё барои кашонидани об ва ҳезум барои таъминоти рӯзгор масофаҳои дурро тай мекунанд, ба бемориҳои гузаранда бештар мубтало мешаванд ва аз таъсири гармо низ зиёдтар осеб мебинанд.

Ҳамчунин, аз сабаби мавқеи худ дар ҷомеа занон, кӯдакон ва пиронсолон бо эҳтимолияти бештар қурбониёни ҳаводиси шадиди табиӣ, аз қабилиобхезӣ, ярч ва сел мешаванд, ки мисоли равшани он ҳодисае, ки дар Панҷакент рух доду аҳли як оила қурбон шуданд.

Тибқи маълумоти коршиносон бараъло маълум аст, ки занон дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бештар аз дигарон аз натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим осеб мебинанд. Дар баробари ин, нуктаи дигар ва он далелро бояд таъкид кард, ки занон инчунин бо қудрат ва қувваи бузурги худ қодир ҳастанд бо хатари афзояндаи офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим меоянд, мубориза баранд. Занон дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи обхезӣ ва хушксолӣ, ки ба зиндагии онҳо таъсир мерасонанд, аллакай дар сафи пеши мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим қарор доранд. Занон ҳамчун истифодабарандагони асосии захираҳои табиӣ ва экологӣ барои пешгирӣ намудани таҳдидҳои афзояндаи табиӣ таҷриба ва дониши худро васеъ истифода мекунанд.

Тағйирёби ииқлим барои Тоҷикистон низ шояд мушкилоти калон эҷод мекунад, зеро кишвар ба он хеле осебпазир аст ва қобилияти шароити мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим вобаста ба мақеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ нисбатан паст аст. Ва коршиносон низ Тоҷикистонро дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ кишвари нисбатан осебпазиртар номбар кардаанд. Мутобиқи нишондиҳандаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шохиси глобалии мутобиқшавии Донишгоҳи Нотр-Дам дар байни 180 кишвари ҷаҳон дар мақоми 111-ум қарор гирифтааст. Дар байни кишварҳои нисбатан осебпазир бошад,Тоҷикистон дар зинаи 78 ва дар байни кишварҳои нисбатан камтар омодашуда дар ҷойи 52-юм қарор дорад. Вале коршиносон бар ақидаанд, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигар ҳолати кунунии осебпазирии Тоҷикистон идорашаванда мебошад. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки барои хубтар мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба иқлим беҳтар кардани омодагӣ дар нишондиҳандаҳо лозим аст.

Ҳодисаҳои фавқулодаи иқлимӣ, ба монанди обхезӣ, хушксолӣ, тармафароӣ, ярч давра ба давра замин, киштзорҳо, инфрасохторҳо ва манбаъҳои даромадро хароб мекунанд. Зарари солона аз тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои табиии рӯйдодҳои шадидро тақрибан 600 миллион доллари ИМА ҳисоб кардаанд. Коршиносон пешбинӣ менамоянд, ки талафот дар натиҷаи тағйирёбии иқлим бо афзоиши ҳарорат ва боришот боз ҳам зиёдтар мешавад. Тибқи дурнамо то соли 2030 ҳарорати миёнаи ҳаво то ба 0,2-0,4°C боло меравад. Ҳаҷми миёнаи боришот дар минтақаҳое, ки то 2500 м аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, эҳтимолан 8% афзоиш ёфта, дар минтақаҳои кӯҳӣ 3% кам мешавад.

Коршиносон андеша пеш овардаанд, ки тағйирёбии иқлим тавассути таъсир ба як қатор захираҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва табиӣ метавонад ба Тоҷикистон хисороти зиёд оварад. Зуҳуроти ҳарчи бештар ба амал меомадаи ҳодисаҳои шадиди иқлим метавонад ба фаъолият ва устувории системаҳои инсонӣ ва табиӣ таъсири манфӣ расонад ва инчунин талафот ва хисороти вобаста ба иқлимро боз ҳам амиқтар кунад. Агар чораҳои боварибахш барои коҳиш додани осебпазирӣ ва афзоиши мутобиқшавӣ андешида нашаванд, кишвар эҳтимол дорад талафоти назарраси иловагии иқтисодӣ, мушкилот дар ёрии башардӯстона ва ҳолати бадтари муҳити зистро аз сар гузаронад.

Муҳаққиқон занонро ҳамчун гурӯҳи осебпазир ҷудо менамоянд, ки ба таъсири тағйирёбии иқлим дучор мешаванд. Саломатӣ ва некуаҳволии зан басаломатӣ ва инкишофи фарзандон, оила ва умуман ҷомеа таъсири назаррас мерасонад. Гурӯҳҳои махсусан осебпазир дар байни занон занони ҳомиладор, заноне, ки кӯдакони хурдсол доранд, заноне, ки аъзои бемор ва куҳансоли оиларо нигоҳубин мекунанд. Ба занон хатари осебпазирӣ бештар бо ғизои онҳо вобастагӣ доранд, ки боиси камхунӣ, гирифтории бемориҳои рагҳо, фарбеҳӣ ва ғайраҳо мегардад. Занон бештари вақти худро ба нигоҳубини аъзои хонавода, таъмини шароити одии зиндагӣ ва омода намудани ғизо барои аҳли оилаҳои худ сарф мекунанд ва онҳо ҳам метавонистанд ин муддат вақти худро на бар зарари худ, балки ба фаъолияти истеҳсолӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарф кунанд.

Ҳанӯз як гурӯҳ коршиносон ва нозирон дар Конференсияи 21-уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбиииқлим, ки аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2015 дар Париж баргузор шуда буд, таваҷҷуҳро ба нобаробарии занону мардон ҷалб карданд. Ҳатто намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим Мэри Робинсон зикр карда буд, ки намояндагии нокифояи занон дар ҳамин конференсия ва иштироки онҳо дар қабули тадбирҳо барои наҷот додани одамон аз оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим таъсири манфӣ мерасонад. Нобаробарии тавозуни занону мардон дар гузоришҳои ЮНЕСКО оид ба илм низ зикр ва тасдиқ карда шудааст, ки дар он инчунин нобаробарии занону мардон дар мубориза бо таъсироти тағйирёбии иқлим ошкор карда шудааст.

Ҳамчунин, нобаробарии занону мардон дар музокироти ҳайатҳои давлатҳо дар доираи Конференсияи 23-юми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки аз 6 то 17 ноябри соли 2017 дар шаҳри Бонн баргузор шуд, бори дигар зикр гардида, таклифҳо пеш омада буданд, ки масъалаи баробарии занону мардон дар мушкилоти тағйирёбии иқлим ба инобат гирифта шавад. Ҳатто гуфта шудааст, ки «бартараф кардани нобаробарии занону мардон ва беҳдошти мушкилоти нобаробарии онҳо ин масъалаи ҳаёт ва мамот аст". Иштироки занон дар мубориза бо тағйирёбии иқлим аз масъалаҳои афзалиятнок шуморида мешавад. Ҷиҳати иштироки фаъолонаи занон дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешгирии хавфҳои он андешидани чораҳои мушаххас ва зарурати гӯш кардани овози занон таъкид мешавад.

Аз ин сабаб барои занони Тоҷикистон ҳам зарур аст, ки дар баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим, оқибатҳои он, пешгирӣ ва коҳиш додани таъсирот ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ иштирок ва саҳмгузорӣ намоянд. Вале, айни замон омилҳои зерин ба иштироки фаъолона ва саҳмгузории занони тоҷик барои иштирок дар мушкилоти бартараф намудани тағйирёбии иқлим монеъгӣ ба вуҷуд меоранд:

- сатҳи пасти намояндагии занондар аксари мақомот, хусусан дар самти экология ва ҳифзи табиат;

- бинобар муносибатҳои иҷтимоӣ маҳдуд будани ҳуқуқҳои занон дар қабули қарорҳо ҳам дар сатҳи хонавода ва ҳам дар хоҷагиҳо;

- монеъгии муносибатҳои иҷтимоӣ ба ҳузури занон ва сатҳи иштироки онҳо дар чорабиниҳо, хусусан дар гурӯҳҳое, ки ҳар ду ҷинс иштирок мекунанд;

- вазифадор набудани ташкилоту созмонҳои давлатии занон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба иқлим;

- маълумоти хеле кам доштаи ташкилотҳои ғайриҳукуматии занон дар бораи тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои мутобиқшавӣ;

- дарк карда натавонистани ташкилоту коршиносон миқёси таҳдидҳои иқлимро барои занон, хусусан дар шароити деҳот;

- дар байни занон набудани корҳои иттилоотонӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим;

- нокифоя будани боварӣ дар қабули қарор дар байни занон барои андешидани чораҳо оид ба мутобиқшавӣ;

- набудани маълумот дар бораи омодагӣ ба ҳаводиси шадиди обу ҳаво, таваҷҷуҳ накардан ба маълумоти зуҳурот дар байни занон, аз ҷумла надонистани қоидаҳои эвакуатсия ва малакаҳои асосии наҷотёбӣ, ба монанди шиноварӣ ва ғайраҳо;

- набудани имконият барои иштирок дар семинарҳо ва чорабиниҳои дигар оид ба паст кардани хавфи иқлим ва идоракунии онҳо.

Ҳал ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда сатҳи маърифатнокии занонро дар самти тағйирёбии иқлим баланд ва иштироки онҳоро дар коҳиш додани таъсироти тағйирёбии иқлим ва қабули қарору андешидани чораҳо фаъол мегардонад.

                                                            Шӯрои занон ва духтарон


05.10.2021 72