МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ
7-уми майи соли ҷорӣ дар толори “Сино”-и Бинои асосии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло бо хатмкунандагон баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, Ректори МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, сардорони Раёсати тандурустии вилоятҳои ҷумҳурӣ ва деканони факултетҳо иштирок намуданд.
Сараввал ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳамзамон дар бораи теъдоди хатмкунандагони донишгоҳ дар соли ҷорӣ маълумот дод. Профессор Гулзода М.Қ. қайд намуд, ки имсол донишгоҳро 1312 нафар дар панҷ факултет хатм менамоянд. Аз ин шумора 416 нафар тариқи буҷавӣ, 115 нафар тибқи квота ва 781 нафар ба таври шартномавӣ таҳсил намудаанд.
Сипас, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ба сухан баромада, қайд намуд, соли ҷорӣ тақсимоти ихтисосҳо шаффоф ва бидуни ҷой доштани омилҳои номатлуб аз қабили ришваситонӣ мегузарад ва хатмкунандагон бояд дар интихоби ихтисос ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон аз норасоии кадрии соҳаи тиб дар манотиқи мухталифи кишвар сухан ронда, таъкид намуд, ки айни замон кишвар ба 4027 нафар корманди тиб ниёз дорад. Агарчи ҳамасола донишгоҳро теъдоди муайяни донишҷӯён хатм менамоянд, вале дастрасии онҳое, ки мутобиқи талабот бояд дар ноҳияҳои тайиншуда ба кор раванд, таъмин карда намешавад. Ин аст, ки омори норасоии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар минтақаҳо комил намешавад. Бо назардошти ин, масъалаи мазкур имсол дар сатҳи лозимӣ назорат карда мешавад.
Сардори раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор дар мавриди дигаргуниҳое, ки соли ҷорӣ дар раванди тақсимот ва гирифтани ихтисосҳо ворид гардидаанд, маълумот дод.
Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби хатмкунандагон саволҳои гуногун дар мавриди кору фаъолияти минбаъда дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди идомаи таҳсилоти тиббӣ пешниҳод шуданд, ки ба онҳо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати сиёсати кадрҳо ва илми вазорат ва ректори донишгоҳ посухҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ меҳмонон ба ҳамаи хатмкунандагони донишгоҳ дар супоридани имтиҳоноти хатм ва анҷоми бомуваффақияти донишгоҳ барор хоста, ба онҳо дар ҷодаи кору фаъолият комёбиҳо ва бахту иқболи сафедро таманно карданд.
Хадамоти ректор

07.05.2021 98