Мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Ситоди  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни  МДТ “ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино”

Дар толори Синои МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.

Мулоқот бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ва намояндагони Ситоди пешазинтихоботӣ дар ҳайати Мирзозода Иброҳим Холмурод Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Субҳонзода Икром ва Ҳомидиён Илҳомҷон аъзои Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Расулзода Насимҷон ба мақсади баргузории вохӯрӣ равшанӣ андохта, меҳмононро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд. Дар идома Субҳонзода Икром аз заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинони кишвар, Мирзозода Иброҳим Холмурод дар доираи дастовардҳо ва сиёсати муваффақ ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ-ректори донишгоҳ вобаста ба марҳилаҳои таърихии расидан ба Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо талошҳои пайгирона ва созандаи бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама самтҳои хоҷагии мамлакат бараъло рушд кард. Дар ин марҳила зери таъсири равандҳои муосир сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона пайдо намуд, ки он ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат кард. Соҳаҳои энергетика ва саноат тараққӣ ёфта, нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти тақдирсози аср ба фаъолият шуруъ кард. Соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва занон бараъло равнақ ёфта, амнияти комили Ватан таъмин гардид.

Зикр шуд, ки бо ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудани ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон, ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, якдилона барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош менамоем.

Зимнан, интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад. Дар ин бора Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи шашуми август қарор қабул кард. 

Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.Г.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
01.10.2020 261