Мубориза бо терроризм сарҷамъиро тақозо дорад

Мубориза бо терроризм сарҷамъиро тақозо дорад

Шукргузор аз онем, ки имрӯз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем.

Терроризм зуҳуроти мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, ҷинояте мебошад, ки ба якчанд объект равона карда шуда, пеш аз ҳама, ба амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили тамоми муассисаҳо, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, хатар дорад. 

Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шудааст.
Имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бомуваффақият муқобили экстримизм (ифротгароӣ) мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст. Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрӯза - экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.

Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.           

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишваррҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Н.С. Ҷураева, И.Ш. Комилов,

устодони кафедраи нигаҳдории

тандурустии ҷамъиятӣ ва омори

тиббӣ бо курси таърихи тиб


30.05.2021 103