Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик

Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик

         Бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар, шуруъ аз 07-уми сентябр, дар сартосари ҷумҳурӣ, ба хусус шаҳри Душанбе чорабиниҳои идона баргузор гардиданд.

         Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ дар баробари дигар корхонаю муассисаҳо дар таҷлили ин ҷашни бошукуҳи миллат саҳми босазое гузошт. Иштироки наздики 900 нафар донишҷӯёну омӯзгорон дар гузашти низомӣ, зиёда аз 2100 нафар кормандону донишҷӯён дар «Роҳпаймоии осоишта» ва зиёда аз 1000 нафар дар барномаи идонаи театркунонида- шуда аз он далолат медиҳад, ки кормандону донишҷӯёни донишгоҳ бо роҳбарии ректори муассиса муҳтарам Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҳамеша баҳри ободию осоиштагии кишвар омодаанд.

         Лозим ба ёдоварӣ ва боиси хушнудист, ки дар гузашти «Роҳпаймоии осоишта» аз ҷониби донишгоҳ маҳсулоти дорувории дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и Донишгоҳ истеҳсолшаванда ба намоиш гузошта шуд.

         Бояд қайд намуд, дар таърихи ҷашнвораҳои кишвар ин аввалин маротиба аст, ки дар ҷараёни роҳпаймоӣ ва дар ҳузури роҳбарияти олии ҷумҳурӣ, ба хусус Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мутахассисони Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино як миқдори муайян ҳабҳои ватанӣ истеҳсол карда шуд.

         Дар ният аст, ки ҳабҳои дар назди роҳбарияти олии кишвар дар ҷараёни гузашти «Роҳпаймоии осоишта» истеҳсолшуда дар Осорхонаи донишгоҳ дар гӯшаи «30-солагии Истиқлолияти миллӣ» маҳфуз нигоҳ дошта шаванд.

  

                                      Бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ


10.09.2021 80