Муаррифии Лоиҳаи Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар донишгоҳ

Муаррифии Лоиҳаи Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар донишгоҳ

Дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ вохӯрии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. бо директори Лоиҳаи Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наташа Бохлман ва мутахассисон оид ба масъалаҳои таҳсилоти мутассили тиббӣ ва таҳсилоти баъдидипломии тахассусии Лоиҳаи мазкур баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби роҳбари донишгоҳ пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати шиносоӣ бо мақсад, вазифаҳо ва натиҷаи ниҳоии Лоиҳа бо ҷалби намояндагони раёсат ва кафедраи тибби оилавии донишгоҳ муаррифии Лоиҳа роҳандозӣ карда шавад.

Муаррифии Лоиҳа дар санаи 05.10 соли 2021 баргузор гардид. Дар вохӯрии зикршуда иштирок доштанд: директори Лоиҳаи Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наташа Бохлман, мутахассисон оид ба масъалаҳои таҳсилоти мутассили тиббӣ ва таҳсилоти баъдидипломии тахассусии Лоиҳаи мазкур Муаззама Ҷамолова ва Шаҳло Ярбаева, муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои таълимӣ-методӣ Ибодзода С.Т., муовини ректори оид ба корҳои илмӣ ва нашриявӣ Муҳаббатзода Ҷ.Қ., муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ Қобилов Қ.К., сардори Хадамоти ректор Носирӣ Қ.Н., сардори раёсати рушди кадрӣ Абдуллозода С.М., сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Додхоев Ҷ.С., директори Маркази рушди стратегӣ ва менеҷмент Маҳмудзода Х.Р., сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Эгамназаров Ҳ., мудири кафедраи тибби оилавӣ Ёдгорова М.Ҷ., дотсентони кафедраи мазкур Носирова М. ва Ҳоҷиев М.

Лоиҳаи “Баланд бардоштани сифат ва васеъ намудани дастрасӣ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҳамгироишуда дар Тоҷикистон” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ карда мешавад. Муҳлати татбиқи Лоиҳа аз 01.06 соли 2021 то 31.05 соли 2025 (48 моҳ) аст ва шарики амалисозандаи Лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Лоиҳа мувофиқи нақша дар 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад, аз он ҷумла дар 10 ноҳияҳои вилояти Хатлон, 4 ноҳияи вилояти Суғд, 8 ноҳияи ВМКБ ва 6 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ. Яке аз компонентҳои асосии Лоиҳа ин баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии табибони оилавӣ, ҳамшираҳои тибби оилавӣ ва момодояҳо мебошад. Ин компонент тавассути рушди инфрасохтори таълимӣ барои тайёрии тахассусии баъдидипломӣ бо роҳи таъсис ва модернизатсияи 15 марказҳои таълимии минтақавӣ; рушди таҳсилоти муттасили тиббӣ ва рушди муттасили касбии табибони оилавӣ дар асоси системаи кредитӣ; таҳким бахшидан ба мактаби мураббигӣ; дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан ва тақвият бахшидан ба амалӣ шудани барномаи таҳсилоти 2-сола резидентура аз тибби оилавӣ амалӣ мешавад.

Баъди муаррифии Лоиҳа аз ҷониби намояндагони донишгоҳ барои беҳтар гардидани натиҷаи ниҳоии Лоиҳа ва таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид. Аз ҷумла дар рафти муҳокима Ибодзода С.Т., Муҳаббатзода Ҷ.Қ., Қобилов Қ.К., Носирӣ Қ.Н., Маҳмудзода Х.Р., Додхоев Ҷ.С., Ёдгорова М.Ҷ. ва Ҳоҷиев М. баромад намуданд.

 

Муовинати корҳои муолиҷавӣ


03
02
01
06.10.2021 34