Муҳити зистро поку беолоиш нигоҳ бояд дошт!

Муҳити зистро поку беолоиш нигоҳ бояд дошт!

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2-и МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" санаи 04.05.21 ҷаласа дар мавзӯи “Ҳифзи муҳити зист”гузаронида шуд. Дар он мудири кафедра д.и.т., профессор Исмоилов К. И., Юсупова М.А., Давлатова С. Н., омӯзгорон Хоҷаева Н.Н.,Муҳаммаднабиева Ф.М., Қурбонов Н.М., Давлатов С.Т., Ҷумаева Л.Ф., Шарипова М.М., Зайниддинова П. К., Нуралиева Г.М., мудирони шуъбаҳои кӯдакона Шарипов Ш. О., Маҷнунов А. Н.,Зарипов А. Ш., Шамсуллоев И. С., Боймирзоев А. Х.,Саъдуллоев Р. С., духтурони шӯъбаҳои кӯдакона, донишҷӯёни курси 5 ва 6 факултети тиббӣ, ординаторони клиникӣ ва интернаҳо иштирок намуданд.

Ҷаласаро мудири кафедра, д.и.т., профессор Исмоилов К. И. оғоз намуда, бораи идомаи мавзӯъ суханро ба донишҷӯёни бахши 5 гурӯҳи 62 Дадобоева Зебинисо дод. Номбурда зимни баромад аз ҷумла қайд намуд, ки ҳифзи муҳити зист дар тамоми давру замон муҳимтарин вазифаи инсоният ба ҳисоб рафта, имрӯз низ истисно нест. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазо олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Аз муоинаи ин рақамҳо дарки мураккабии вазъи эколо-гии имрӯза душвор нест. Бисёр масъалаҳои марбутро дар сатҳи давлатӣ ва бо ҷустуҷӯи чораҳои амаливу муштараконаи кулли давлатҳо ҳал кардан мумкин аст, вале дастгирию кӯшиши ҳамаҷонибаи ҷомеа шарти ҳатмист. Тақозои айёми мо чунин аст, ки аз хонандаи мактаб то ходими давлатӣ ҳама ниёзманди тарбия ва саводи экологианд, зеро ҳар яке дар тозагиву ифлос накардани муҳити зист на танҳо саҳми мувофиқ гузошта метавонад, балки дар ин кор бояд худро маъсул ҳисобад. Ба тобиши фардии ибораи «чун обу ҳаво зарур» назардошти манфиати ҷомеаи имрӯзаву наслҳои оянда зам шу-дааст.

 Ҷаласа бо саволу ҷавобҳо аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорон ба охир расид.

Мудири кафедра  -  Исмоилов К. И.

Мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ  -  Муҳаммаднабиева Ф.А.


17.05.2021 64