Муҳити тоза-кафили сиҳатии омма!

Муҳити тоза-кафили сиҳатии омма!

Ободиву назофат, тозагиву поккорӣ маҳсули дасти инсон аст. Инсоне, ки табиатро зинда гардонида, арзи ҳастӣ мебахшад. Инсоне, ки муҳит, ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, коргоҳу гулгаштро тоза намуда, ба ҳифзу покии он роҳ медиҳад. Муҳити пок аз ифлосиҳо кафолати солимии ҳар як нафар аст.

Бо дарназардошти ин, имрӯз 29. 01. 2022 дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо иштироки омӯзгорону кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳашари (шанбегии) дастаҷамъона дар бинои асосии маъмурию таълимӣ, бинои химия, Маҷмааи нави таълимии шаҳраки “Шифобахш”, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ ва хобгоҳҳои Донишгоҳ, хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоӣ воқеъ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино баргузор гардид. Аҳли омӯзгорону кормандон ҷиҳати ободию шукуфоӣ, тозагию назофат дар сабзу хуррамгардонии муҳити таълимгоҳ ва истиқомати шаҳрвандон дастаҷамъона саҳм гузоштанд.

Воқеан, шаҳри Душанбе ба як макони дилфиреб, макони гулгаштҳои зебою беҳамто, фаввораҳои беназир, шаҳри сулҳу ваҳдат мубаддал гардидааст ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ дар ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани пойтахти Ватани азизамон-шаҳри Душанбе саҳм хоҳанд гузошт.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


29.01.2022 78