Мохияти назми асосгузории адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар тарбияи ахлоқии ҷавонони донишҷӯй ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Мохияти назми асосгузории адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ  дар тарбияи ахлоқии ҷавонони донишҷӯй ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Дар кафедраи забони русии МДДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз санаи 22 то 25 сентябри соли 2021 конференсияи илмӣ –амалии донищҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи ёдбуди устод Абуабдуллоҳ Рудаки   бахшида шудаанд, доир гардид.

Дар конференсия донишҷӯёни курсҳои 1-уми ҳамаи факултетҳо иштирок намуданд. Конференсияро иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забони русӣ, номзади илмҳои педагогӣ Д.У.Саидмуродов ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро табрик намуда,оиди мақсади гузаронидани конференсия сухан кард..

Дар баромади худ Д.У Саидмуродов донишҷӯёнро бо фарорасии соли таҳсил , 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

рӯзи ёдбуди устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, табрик намуд ва ба онҳо дар таҳсилашон комёбиҳо хост, даъват намуд ,ки бо корҳои илмӣ-тадқикотӣ машғул шаванд.

Баъд аз ин дар назди донишҷуён профессори кафедра доктори илмхои педагоги У.Р.Юлдошев баромад кард. Ӯ дар баромадаш қайд намуд, ки вазифаи асоси таълими забони русӣ аз мукаммалгардонии нутқи онҳо , инкишофи нутқи шифоҳӣ, малакахои амалии истифодаи забони русӣ дар муошират мебошад. Донишҷуйён бояд матнҳоро хонда маълумотхои асосии онро бардошта тавонанд. Корҳои хаттӣ чун маърӯза, реферат навишта тавонанд , ҳуҷҷатҳои коргузориро тартиб дода тавонанд.

Бинобар ин дар машғулиятҳои амалӣ аз забони русӣ мо конференсияҳои хурд мегузаронем, ки ба азхудкунии мавзӯъҳо дар машғулиятҳо ва мукаммалгардонии нутқи русӣ мусоидат мекунанд. Дар давоми баромадаш проф. Юлдошев У.Р. зикр намуд,ки ҳамасола   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Қонун оид ба рӯзҳои ид» 77-идҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Яке аз ин идҳо рӯзи назми асосгузории адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад, ки аҳмияти бузурги тарбиявӣ дорад.

Дотсенти кафедра Назарова М.Р, муаллимаи калон С.А. Ҳотамова, омӯзгорон М.А. Холматова, О.А. Лысых, Д.Х. Султонова, Н.Ш. Алиева ва дигарон дар баромадашон қайд намуданд, ки асарҳои бузурги асосгузории адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ имрӯз ҳам мавқеи хоса доранд.

Ӯ яке аз аввалин шоироне буд,ки дар асарҳояш панду ҳикматҳо оварда, одамонро ба некӣ, поквиҷдонӣ , ватандӯстӣ даъват кардааст.

Дар панду ҳикматҳо ва фалсафаи Рӯдакӣ, ки нишони халқӣ будани онҳост, ҷои махсусро арзишҳои умумиинсонӣ   чун ҳунар, илм, дониш, рафоқат, дӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ҷои махсусро ишғол менамоянд. Ҳамин тариқ бояд қайд намуд, ки ғояҳои педагогӣ ва панду ҳикматҳои устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аз андешаҳои шахсии ахлоқии ӯ сарчашма гирифтанд. Истифода бурдани онҳо дар дарсҳои амалӣ ва соатҳои тарбиявӣ ба тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандустӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ мусоидат менамоянд.  

 

С.А.Ҳотамова,О.А.Лысых,Д.Х.Султанова,Р.Р.Камолова, омӯзгорони кафедраи забони русии МДТ «ДДТТ ба номи . Абӯалӣ ибни Сино»,

Шарифходжаева С.А. омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»,номзади илмҳои педагогӣ.


27.09.2021 64