МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ

МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ

Зери чунин унвон санаи 24-уми феврали соли ҷорӣ дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озмуни иншои беҳтарин доир гардид. Ёдовар бояд шуд, ки озмуни мазкур дар байни Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи ҳудуди ноҳия баргузор гардида, ҳадафи асосии он бедор намудани худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон ва насли наврас роҳандозӣ шудааст. Натиҷаи озмун то охири моҳи феврал ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда мешаванд.

Шуъбаи тарбия

Шуъбаи кор бо ҷавонон


24.02.2021 170