Мизоҷон аз натиҷаҳои ҳуҷайрадармонӣ қаноатмандӣ мекунанд

Мизоҷон аз натиҷаҳои ҳуҷайрадармонӣ  қаноатмандӣ мекунанд
Таъсис дода шудани Озмоишгоҳи кишти селлулаҳои бунёдӣ (ОКСБ) яке аз дастовардҳои беҳтарини ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар давоми солҳои охир маҳсуб ёфта, имрӯз он як ҷузъи асосии мустақили таркибии сохтори илмию-тадқиқотии донишгоҳ ва ҳамзамон танзимгару ҳамоҳангсози раванди масъалаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳуҷайрадармонӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии кормандону мутахассисони озмоишгоҳ, ин бунёди маркази илмию методӣ ва клиникию – экперименталии умумидонишгоҳӣ барои гузаронидани маҷмӯи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, таълимӣ оид ба ҳалли проблемаҳои тиббию биологӣ ва кӯмак расонидан ба корҳои илмӣ- тадқиқотии унвонҷӯёни ҷавон мебошад.
ОКСБ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи “ҳуҷайрадармонӣ ” дар гирифтани маълумоти умумӣ шароит фароҳам меорад ва барои донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва муҳассилини дигар донишгоҳҳо дар асоси шартнома бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, курсҳои омӯзиши асосҳои ҳуҷайрадармониро ташкил менамояд.
Самтҳои асосии фаъолияти ОКСБ-ро гузаронидани амалиётҳои ҳуҷайрадармонии эксперименталӣ дар ҳайвонҳои озмоишӣ бо иштироки омӯзгорон, олимон, унвонҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо ва донишҷӯён, гузаронидани амалиёти ҳуҷайрадармонӣ дар беморон, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти иммунология, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо ҳуҷайраҳои гуногун дар шароити озмоишгоҳӣ (in vitro), таҳия ва чопи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ дар асоси тадқиқотҳои гузаронидашуда ташкил медиҳад.
ОКСБ дар бахши корҳои илмӣ- тадқиқотӣ хамкориро барои рушди минбаъдаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо кафедраи осебшиносӣ ва ортопедӣ, ОМИТ, Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ, МТК «Стоматология», кафедраи фтизиопулмонология, кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта хеле хуб ба роҳ мондааст.
Дар бахши ҳуҷайрадармонӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи осебшиносӣ ва ортопедии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ ҳамагӣ ба 59 бемор, ки аз он 54 бемор бо ташхиси остеоартроз,1 бемор бо ташхиси диабети қанд ва 1 бемор бо ташхиси склерози сершумор (рассеяный склероз), 2 бемор бо шикасти сутунмуҳра, 1 бемор бо артрити ревматоидӣ буд, ҳуҷайрадармонӣ гузаронида шуд. Мағзи сурхи устухони беморон ба ОКСБ оварда шуд, ки тавассути беҳискунии таҳҷоии устухони қафаси сина гирифта шуда, дар озмоишгоҳ мавод тариқи раванди протоколи стандартии ҳуҷайраҷудокунӣ тавассути фраксиякунонӣ дар градиенти фикол, омода мешуд. Баъди ҷудо намудан, ҳуҷайраҳои мононуклеарӣ шумурда шуда, маводи ҳуҷайравӣ дар дохили ях ба беморхона равон карда мешуд. Инчунин, ба 64 бемор бо ташхиси артрози буғумҳо плазмолифтинг гузаронида шуд. Аксари бемороне, ки давоми 3 соли охир ҳуҷайрадармониро қабул кардаанд, то ҳол зери назорати мо қарор доранд. Самараноркии ҳуҷайрадармонӣ махсусан, дар беморони артрози буғумҳои косу рон, зону, оринҷ, буғуми буҷулак нисбат ба дигар бемориҳо тезтар ба мушоҳида расид. Мизоҷони ин навъи бемориҳо 3-4 маротибагӣ ҳуҷайрадармониро қабул намуданд ва аллакай дар муолиҷаҳои аввал аз таъсири мусбии ин навъи табобат изҳори қаноатмандӣ намуданд. Махсусан, ҳуҷайрадармонӣ дар беморони шикасти сутунмуҳра бо қисман кандашавии ҳароммағз равшан мушоҳида гардид. Масалан, бемор Х.М. (с.т. 1989), ки бар асари садамаи автобилӣ осеби сахти сутунмуҳра гирифта, қобилияти ҳаракат карданро аз даст дода буд, баъди 3 маротиба гузаштани ҳуҷайрадармонӣ хушбахтона, акнун бо ёрии асобағал метавонад, мустақилона роҳ гардад ва умед аст, ки бо гузашти вақт саломатии ӯ боз ҳам беҳтар мешавад. Аз ҳама муҳимаш имрӯз дили бемори мазкур ба зиндагӣ гарм гаштааст ва ӯ ба оянда бо умеди нек менигарад.
Алҳол таҳти назорати мутахассисони ОКСБ 59 нафар мизоҷон қарор доранд ва мо боварӣ дорем, ки ба туфайли дар дигар навъҳои бемориҳо ҷорӣ намудани усулҳои муолиҷа бо селлулаҳои бунёдӣ дар ояндаи наздик теъдоди мизоҷон боз ҳам бештар мегардад.
И.А.Юнусов, директори ОКСБ, д.и.т., профессор

Мизоҷон аз натиҷаҳои ҳуҷайрадармонӣ қаноатмандӣ мекунанд
24.04.2020 231