Мини конфронс дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2

Мини конфронс дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2

Санаи 27.01.2022 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ҷаласа дар мавзӯи “Об барои рушди устувор” гузаронида шуд. Дар он мудири кафедра н.и.т., дотсент Давлатова С.Н., н.и.т, дотсент Тоҷибоева З.А., н.и.т., дотсент Юсупова М.А., н.и.т. дотсент Хоҷаева Н.Н., н.и.т. ассистент Мухаммаднабиева Ф.А., н.и.т., ассистент Расулова С.А., н.и.т., ассистент Шарипова М.М., н.и.т., ассистент Давлатов С.Т., ассистент Курбонов Н.М., ассистент Нуралиева Г., ассистент Маҷнунов А., ассистент Зайнидинова П., донишҷӯёни бахши 6-ум факултети тиббӣ, ординаторони клиникӣ ва интернҳои кафедра иштирок намуданд.

Асситенти кафедра Давлатова С.Н., ординатори соли дуюм Мунираи Ҳусейн ба мавзӯи пешниҳодшуда маълумоти пурра пешниҳод намуданд. Чунончи, қайд гардид, ки мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар зикр карда буданд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”.

Давлатова С.Н. н.и.т., дотсент-мудири кафедра

Муҳаммаднабиева Ф.А. н.и.т. - мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявӣ


27.01.2022 40