Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино-роҳи рушд дар самти тибби ҷаҳонӣ!

Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино-роҳи рушд дар самти тибби ҷаҳонӣ! Имрӯз дар сохтори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ фаъолият менамояд. Марказ бо мақсади муҳайё намудани муҳити таълимии бехатар ва боваринок барои омӯзиши малакаҳои амалии касбӣ, ба донишҷӯён фароҳам овардани шароити рушду нигоҳ доштан, беҳтару хубтар намудани салоҳиятнокии касбӣ, ворид намудани технологияҳои симулятсионӣ ба таълимоти тиббӣ дар доираи амалигардонии Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 тасдиқ карда шудааст ва санадҳои дахлдори донишгоҳ дар сохтори донишгоҳ Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ таъсис дода шудааст. Ҳадафҳои асосии Маркази омӯзиши малакаҳои амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ин таъмин намудани муҳити муносиби таълимӣ барои омӯзиши малакаҳои клиникӣ, имконияти ташаккул, инкишоф додан ва дастгирии салоҳиятнокии клиникӣ, таъмини муҳити эътимодноки маърифатӣ барои омӯзиши самараноки клиникӣ ва коммуникативӣ ва амалӣ кардани принсипи омӯзиш дар тӯли тамоми ҳаёт мебошад. Дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҷрибаи бисёрсолаи илми тиби ҷаҳонӣ ба назар гирифта шуда, омӯзиш дар он дар асоси чор қоидаи таълими симулятсионӣ ба роҳ монда шудааст. Маврид ба таъкид аст, ки агар дар соли 2013 дар Марказ донишҷӯён ҳамагӣ 47 малакаи амалӣ аз 7 ихтисоси клиникӣ меомӯхтанд, имрӯз зиёда аз 400 намуди малакаҳои касбӣ ва коммуникативӣ аз 10 ихтисоси клиникӣ ба донишҷӯён омӯзонида мешаванд. Кормандони Марказ мунтазам бо иштироки олимони забадаст донишгоҳҳои тиббии Калгари, Чикаго ва Қарағанда аз такмили ихтисос мегузаранд. Маркази омӯзиши малакаҳои амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо Ҷамияти Россия оид ба таълими симмулятсионии дар тибб РОСОМЕД ва «РОСМЕДОБР дар шаҳри Маскав (Русия), Ҷамияти саҳомии ғайритиҷоратии «Донишгоҳи тиббии Қарағанда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар муассисаҳои тиббиву ташхисӣ ҳамкорӣ менамояд. Маркази омӯзиши малакаҳои амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо дастгоҳҳои тиббии наву замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Барои пешбурди фаъолияти Марказ дастгоҳи наву замонавӣ–симмулятори муосири дорои имкониятҳои васеъ «LE-ONARDO START» оварда шуд. Ин дастгоҳ имкониятҳои васеъ дорад, аз ҷумла тавассути он фишор, шараён, набз дар дасту по ва гардан чен карда мешавад, шуввозҳои ё садои дилу шушҳогуш карда мешавад, инчунин, тазриқҳои зерипӯстӣ, дарунипӯстӣ, ва даруниустухонӣ, катетеризасияи пешобдон низ гузаронида мешавад. Ба симулятор маҳси ғайримустақили дил ва нафаскашии сунъӣ ҳам гузаронидан имконпазир аст. «Саломатии миллат боигарии давлат аст»-таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад ва ин сармашқи кори аҳли кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Ҳаминро бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар омода намудани мутахассисони донишманду соҳибмалака ва кордон нақши арзишманд дорад. Имрӯз Роҳбарияти донишгоҳ бо такя ба сиёсати дурандешонаву некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутахассисони ҷавони соҳаи тиб шароити хуби таълиму касбомӯзӣ ва азхуднамоии таҷрибаи пешқадами тибби ҷаҳониро фароҳам овардааст ва умед аст, ки таълимгирандагони донишгоҳ дар оянда бо дастовардҳои беназири соҳаи тиб ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ илми тибби тоҷикро рушд дода, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд ва дар самти солимии миллат саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

 Валиев Давлатёр

 рӯзноманигор


24.09.2021 53